Муъҷиза! кӯдаке аз зери чархи худрав зинда баромад. Навор

416
(Таҷдидшуда 15:46 16.02.2018)
Дурбини роҳ ҳодисаи ҳайратовареро сабт кардааст. Кӯдаке аз зери чархи мошин зинда баромад

Ин ҳодиса дар ҷануби Бразилия рух додааст.

Ронанда ба назди хонае омадаст, ки дар он хешовандонаш ба сар мебаранд. Мардон ашёҳоро аз мошин бароварда ба хона дароварданд.

Дар ин замон кӯдак дар замин нишаставу дар назди мошин бозӣ мекард.

Ҳангоми ба дохили худрав ворид шудан, ронанда ба кӯдак аҳамият надодааст.

Худрав ба ҳаракат даромада кӯдакро пахш кард. Хушбахтона кӯдак аз зери чархи мошин зинда баромад.

416
Барчаспҳо:
к=дак, зери чархи мошин, Бразилия

Коронавирус чӣ бӯй дорад? Эрониҳо барои дарёфти беморони COVID-19 сагҳоро меомӯзанд- видео

434
(Таҷдидшуда 14:36 25.05.2020)
Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад. Барои тафсилоти бештар наворро бубинед

Кормандони маркази таълимии сагҳо дар Теҳрон месанҷанд, ки оё сагҳо COVID-19-ро ёфта метавонанд.

Дар таҷриба сагҳои зотҳо ва ҷинсҳои гуногун иштирок мекунанд - аз ин рӯ олимон мекӯшанд муайян кунанд, ки кадом ҳайвонҳо самараноктар кор мекунанд.

Ба гуфтаи мураббиён, чорпоён метавонанд 65% сироятро муайян кунанд. Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад.

Барои тафсилоти бештар наворро бубинед.

434
Барчаспҳо:
навор, саг, Эрон

Дарёфти кӯдаки зинда аз макони суқути ҳавопаймо дар Покистон - навор

392
Дар ҷои суқути ҳавопаймои Airbus A320 дар Покистон кӯдаки зинда ёфт шуд. Сабт нишон медиҳад, ки чӣ тавр як мард кӯдакро аз минтақаи суқути ҳавопаймо берун меорад

Ба эҳтимоли зиёд оилаи ин кӯдак дар яке аз хонаҳое, ки ҳавопаймои болои онҳо сарозер шуд, зиндагӣ мекунад, менависад The Mirror. Феълан аз тақдири хонаводаи ин кӯдак иттилое дар даст нест.

Аз навор бармеояд, ки дар маҳалли ҳодиса артиши нерӯҳои вокуниши фаврӣ ва сӯхторнишонҳо фаъолият мебаранд.

Ёдовар мешшавем, ки рӯзи 22 - юми сай дар Покистон ҳавопаймои мусофирбар ба далели нуқси техникӣ дучори садама шуда, болои биноҳои истиқоматӣ сарозер шуд.

Дар ҳавопаймо 91 сарнишин ва халабонҳо қарор доштанд. Гуфта мешавад, ҳадди ақал 90 мусофири ин ҳавопаймо ҷон боохтанд.

392
Барчаспҳо:
навор, суқут, ҳавопаймо, Покистон
Активисты гражданского общества осведомляют о новом коронавирусе в Кабуле

Афзоиши гирифторони коронавирус дар Афғонистон: аз 11 ҳазор гузашт

0
Шабонарӯзи охир дар Афғонистон 591 ҳолати нави сироят ёфтани коронвирус ба қайд гирифта шуда, як нафар аз ин беморӣ ҷон додаст

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Дар Афғонистон, шумораи мубталоён ба коронавирус марзи 11 ҳазор нафар гузашт, хабар медиҳад Tolo News.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, давоми 24 соати охир дар ҷумҳурӣ 591 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди умумии мубталоён ба ин беморӣ ба 11 582 нафар расид.

 Гузашта аз ин, дар давоми як рӯзи охир танҳо як нафар фавтида ва 22 нафар беморон табобат ёфтанд.

Гуфта мешавад, аз лаҳзаи ворид шудани вирус дар Афғонистон то кунун, 1095 беморе табобат шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аввал авҷи сирояти коронавирус ба Эрон расида, сипас ба Афғонистон ҳамсояи он интиқол ёфт.

Аввалин гирифтори беморӣ дар ин кишвар танҳо дар вилояти Ҳирот, ки бо Эрон ҳамсарҳад аст, пайдо шуда буд.

Пас аз чанде, дар Вазорати Тандурустии Афғонистон пешгӯӣ карда шуд, ки тибқи он 80% аҳолии ин кишвар коронавирусро аз сар мегузаронад.

0
Барчаспҳо:
маризон, гирифторон, омор, вирус, Афғонистон