(1:00 / 8.23Mb / просмотров видео: 5942)

Шаш тан дар натиҷаи фурӯ рехтани пул кушта шуданд (Навор)

448
(Таҷдидшуда 17:55 17.03.2018)
Дар ҷанубу ғарбии Майами, дар наздикии Донишгоҳи байналмилалӣ пули замонавие бунёд мекарданд. Аммо бо далелеҳои номаълум купрук сарозер шуд, ки дар натиҷа 66 тан кушта шуданд

Бино бар гузориши хабаргузории Miami Herald дар иёлати Флоридаи Амрико пули пиёдагардие фурӯ рехт, ки дар натиҷа зиёда аз 6 тан кушта шуда, нафарони зиёде ҷароҳат бардоштанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳоло далели сар задани ин ҳодисаи нохуш маълум набуда, дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагон кор мебаранд. Маълум аст, ки сохтмони пул идома меёфт ва онро бояд дар соли 2019 ба истифода медоданд. Вазни он 950 тоннаро ташкил медодааст.

448
Барчаспҳо:
сарозершавӣ, қурбонӣ, пул, Дар ҷаҳон

Табобат мекунад: Путин дар бораи нахустин ваксинаи зидди COVID -19 дар Русия - видео

524
Исбот шудааст, ки аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар Русия аллакай бехатирӣ ва самаранокии худро нишон додааст

Нахустин ваксина аз коронавируси COVID - 19 дар Русия сабти ном шуд, эълом кард президенти кишвар Владимир Путин.

"Субҳи имрӯз бори нахуст дар ҷаҳон ваксинаи коронавирус сабти ном шуд", - изҳор дошт Путин дар рафти маҷлис бо узви ҳукумати кишвар.

Путин таъкид кард, ки ваксинаи коронавирус аз тамоми ташхисҳои лозима гузаштааст.

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

"Медонам, ки ваксинаи мазкур самарабахш аст, маснуияти баданро ҳосил мекунад", - афзуд президенти Русия.

Путин ба коршиносон барои кори фаврӣ ва пурмасъул дар коркарди ваксинаи зидди коронавирус изҳори сипос кард. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ба наздикӣ ваксини мазкур дар ҳаҷми зиёд истеҳсол ва ба аҳолӣ дастрас мешавад.

Вазири тандурустии кишвар Михаил Мурашко таъйид намуд, ки нахустин ваксини дар Русия сабтиномшуда аллакай самаранокӣ ва бехатарии худро исбот кардааст.

524
Барчаспҳо:
нахустин, Русия, Владимир Путин

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

729
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

729
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия
Мужчина в защитной маске

Рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

0
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 мавориди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бо илова шудани 38 мавориди ҷадид, ки шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд, теъдоди умумии гирифторон ба ин беморӣ 7950 нафарро ташкил медиҳад.

Бар хабари котиботи Вазорати тандурустии кишвар, дар муддати аз 30 апрел то санаи 13 августтеъдоди маризонро 7950 нафар ташкил дода, дар мамлакат 6741  (84,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.

Фавти боз як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Вазорат таъйид намудааст, ки шабонарӯзи гузашта аз ин маризи нафаре фавт накардаст ва теъдоди қурбониён 63 нафар аст.

"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 86 нафар гумонбарон қарор дошта, 45 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд", омадааст дар хабар.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон