(2:38 / 18.43Mb / просмотров видео: 2585)

Путин: "мо дар бораи ояндаи Русия фикр мекунем"

122
(Таҷдидшуда 11:08 19.03.2018)
Владимир Путин пирӯзиашро дар интихобот тавзеҳ дод

Замоне, ки натоиыи аввалини овоздиҳӣ муайян мешуд, Владиимр Путин дар консерти "Россия. Севастополь. Крым", ҳузур дошт.

Консерт пас аз баста шудани ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ҳангоми шом дар Маскав баргузор шуд.

"Сипос барои чунин натиҷа", — гуфт Владимир Путин.

Ба гуфти раисҷумҳур, ҳифзи ваҳдати Русия бисёр муҳим аст.

"Мо дар бораи ояндаи Ватани бузург ва ояндаи фарзандонамон фирк мекунем. Ва албатта дар ин роҳ муваффақ мешавем", — гуфт Путин.

Пас аз ин Путин аз саҳна  "Русия, Русия"-гӯён оғоз карду дигар мардум ҳамовозаш шуданд.

Рӯзи 18 март дар Русия интихоботи раисҷумҳур баргузор шуд.

Владимир Путин бо касби 76,7 дарсад дар мақоми аввал, номзади Ҳизби коммунист Павел Грудинин бо 11,9 дарсад овоз дар ҷои дуюм, раҳбари ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский бо 5,8 дарсад дар ҷои савум ва номзади "Ташаббуси шаҳрвандӣ" Ксения Собчак бо 1,6 дарсад дар мақоми чаҳорум истодаанд.

122
Барчаспҳо:
пас аз интихобот, суханронӣ, Владимир Путин, Русия, Маскав