Рақси тоҷикии хонандаҳои Самарқанд дар ҳавои таронаи Шабнам (НАВОР)

Обуна шудан
Дар яке аз мактабҳои Самарқанд ҷашни Наврӯзро дар ҳавои таронаҳои ҳофизони тоҷикистонӣ ҷашн гирифтанд. Дар навор рақси тоҷиконаи донишомӯзони маткба дида мешавад

Дар макатаби рақами 43 шаҳри Самарқанд ҷашни Наврӯзро ба тантана дар ҳавои таронаҳои тоҷикии Шабнам Сурайё,  Ҷонибек Муродов ва Зулайхо Маҳмадшоева таҷлил карданд.

Тавре яке аз ташкилкунандагони ин базм, омӯзгори маткаби мазкур Саодат Алива ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар дабиристони мазкур 317 нафар хонанда таҳсил мекнунад. Дар мактаб дарсҳо ба ду забон-тоҷикӣ ва узбекӣ сурат мегиранд.

Ба гуфтаи Саодат Алива, дар Самарқанд қариб дар ҳамаи ҷашну маросимҳои сурудҳои тоҷикӣ иҷро мешаванд.

"Маъракаҳое, ки худи ман баргузор мекунам, саропо бо суруду таронаҳои тоҷикӣ оро меёбанд",- афзуд омӯзгори мактаб.

Тавре дар навор дида мешавад, дар аввал зери ҳавои таронами Шабнам донишомӯзон рақс мекунанд. Сипас онҳо саҳначаеро намоиш медиҳанд ва таронаи "Арӯс меҳмонай меравад"-ро иҷро мекунанд. Дар охир хонандагон яке аз одатҳои дигари тӯёнаи тоҷикӣ — сартарошонро зери ҳавои таронаи "Сартарошон"-и Зулайхо Маҳмадшоева ба саҳна мегузоранд.

Лентаи хабарҳо
0