(1:41 / 13.21Mb / просмотров видео: 926)

Карусел, арӯсӣ ва куштӣ: навори таҷлили Наврӯз дар Ҳисор

248
(Таҷдидшуда 18:42 22.03.2018)
Қалъаи Ҳисор дар остонаи Наврӯз бори дигар ҷон гирифт

Субҳи рӯзи 21 март дар қалъаи қадима зиндагӣ дар ҷӯшу хуруш шуд: ошпазон ба омода кардани ғизо ва оши палав, навозандагон ба ҷур кардани соз, духтарони зебо бо пироҳанҳои зебанда базми наврӯзиро дучанд зеб медоданд.

Барои мардон бошад сабқати куштӣ-бозии маъмулии Наврӯз баргузор карда шуд.

Барои тамошои рақобати куштӣ мардуми зиёде ҷамъ омада буданд.

Базми наврӯзиро дар Қалъаи Ҳисор дар навори Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.

Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.

248
Барчаспҳо:
таҷлили Наврӯз, ноҳияи Ҳисор
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)