(0:42 / 5.34Mb / просмотров видео: 23349)

Путин барои гиромидошти хотири қурбониёни Кемерово гул гузошт (НАВОР)

146
(Таҷдидшуда 16:22 27.03.2018)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Кемерово барои гиромидошти хотири қурбониёни сӯхтор рафт

Раисҷумҳури Русия барои гиромидошти хотири қурбониёни сӯхтор дар маркази савдои "Зимняя вишня" ба шаҳри   Кемерово рафт.

Путин аз ҷойи ҳодиса боздид кард, намои иморати сӯхтаро тафтиш кард ва дар назди ёдгоҳи худҷӯш гул гузошт.

Дертар раисҷумҳур ҳисоботи намояндагони Хадамотҳои истирории шаҳр ва роҳбарияти Кемероворо шунид.

Аз рӯи далели сӯхтор парвандаи ҷиноӣ аз рӯи чанд моддаи Кодекси ҷиноии Русия боз шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки сабаби сӯхтор сифати пасти маводҳои сохтмонӣ шудааст.

Аз рӯи шумораи қурбониён сӯхтори Кемерово яке аз бузургтарин дар 100 сол аст. Дар баробари он сӯхтор дар меҳмонхонаи "Русия" дар Маскав (соли 1977, 42 қурбонӣ), дар хобгоҳи РУДН дар Маскав (соли 2003, 44 қурбонӣ), дар хонаи кӯҳансолон дар Краснодар (соли 2007, 63 қурбонӣ), дар клуби "Хромая лошад" дар Перм (соли 2009, 153 қурбонӣ) ва дар хонаи кӯдакони бемор дар вилояти Новгород (соли 2013, 37 қурбонӣ) аз бузургтаринҳо дониста мешаванд.

146
Барчаспҳо:
қурбонӣ, кӯдакон, сӯхтор, Владимир Путин, Кемерово, Русия

Табобат мекунад: Путин дар бораи нахустин ваксинаи зидди COVID -19 дар Русия - видео

534
Исбот шудааст, ки аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар Русия аллакай бехатирӣ ва самаранокии худро нишон додааст

Нахустин ваксина аз коронавируси COVID - 19 дар Русия сабти ном шуд, эълом кард президенти кишвар Владимир Путин.

"Субҳи имрӯз бори нахуст дар ҷаҳон ваксинаи коронавирус сабти ном шуд", - изҳор дошт Путин дар рафти маҷлис бо узви ҳукумати кишвар.

Путин таъкид кард, ки ваксинаи коронавирус аз тамоми ташхисҳои лозима гузаштааст.

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

"Медонам, ки ваксинаи мазкур самарабахш аст, маснуияти баданро ҳосил мекунад", - афзуд президенти Русия.

Путин ба коршиносон барои кори фаврӣ ва пурмасъул дар коркарди ваксинаи зидди коронавирус изҳори сипос кард. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ба наздикӣ ваксини мазкур дар ҳаҷми зиёд истеҳсол ва ба аҳолӣ дастрас мешавад.

Вазири тандурустии кишвар Михаил Мурашко таъйид намуд, ки нахустин ваксини дар Русия сабтиномшуда аллакай самаранокӣ ва бехатарии худро исбот кардааст.

534
Барчаспҳо:
нахустин, Русия, Владимир Путин

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

731
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

731
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук

Оверчук дар бораи тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо

0
(Таҷдидшуда 19:25 13.08.2020)
Ҳукумати Русия мавзӯъи сабукиҳои эҳтимолии навбатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла тамдиди патентро баррасӣ хоҳад кард

Душанбе, 13 август - Sputnik. Дар ҷаласаи раисони Комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар мавриди патенти муҳоҷирини корӣ ва таҷдиди парвозҳо гуфтугӯ карданд.

Санаи эҳтимолии барқарор шудани парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон эълон шуд

Дар брифинги матбуотие, ки пас аз ин ҷаласа баргузор шуд, муовини нахуствазири Русия дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар мавриди тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон гуфт, дар тӯли пандемияи “вируси корона” дар Русия барои муҳоҷирин пардохти ҳаққи патент лағв шуд.

"Муҳлати аввали лағв то 15 июн таъйин шуда буд, аммо пандемия поён наёфт, аз ин хотир, тасмим гирифта шуд то 15 сентябр тамдид шавад. Ҳоло ин мавзуъ баррасӣ мешавад, ки ин муҳлат пас аз 15 сентябр низ дигарбора тамдид шавад. Ин масъала таҳти таваҷҷуҳи ҳукумати Русия аст", - гуфт Алексей Оверчук.

Дар мавриди таҷдиди парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия мавсуф гуфт, талоши кишвараш бар ин аст, ки парвозҳои муназзам бо тамоми кишварҳои ҷаҳонро, тавре ки то замони пандемия буд, ба роҳ монад.

"Мо қабл аз ҳама вазъи сироятии кишварҳоро меомӯзем. Ҳоло мо бо се кишвар – Бритония, Туркия ва Танзания парвозҳоро барқарор кардем. Аз 15 август қарор аст парвозҳо ба Шветсария аз сар гирифта шаванд. Мебинем, ки дар Тоҷикистон низ раванди мусбате ҷараён дорад. Ҳоло талош мекунем, ки бо ин кишвар низ бо пеш омадани имкон парвозҳоро ба роҳ монем", - гуфт Алексей Оверчук.

Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон аз моҳи март ба ин сӯ қатъ шудаанд. Дар ин миён Русия 23 парвозро ба манзури хориҷ кардани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон анҷом додааст. Тоҷикистон низ ҳамарӯза ду парвози чартериро ба шаҳрҳои Русия анҷом медиҳад.

0