(0:45 / 5.38Mb / просмотров видео: 3096)

Навори дидори Ким Чен Ин ва Сӣ Ҷинпин дар Пекин

114
(Таҷдидшуда 11:06 29.03.2018)
Раисҷумҳури Куриё ҳамроҳи ҳамсараш ба Чин омада бо раҳбари ин кишвар Сӣ Ҷинпин дидору мулоқот кард

Сарони кишварҳо Сӣ Ҷинпин ва Ким Чен Ин дар Пекин дар чорчӯби дидори ғайрирасмӣ аз 25 то 28 март дидор кардаанд.

Мулоқоти ҷонибҳо дар Хонаи халқи пойтахти Чин баргузор шудааст. Мушоҳидон қайд кардаанд, ки Кин Чен Ин бо шими сиёҳу шалворҳои кушод, ки маъмулан мардуми Куриё ба бар мекунанд, бисёр ҷиддӣ будааст, дар ҳоле, ки Сӣ Ҷинпин бо виқори ҷиддияш хандон будааст.

Боздид аз Чин барои Ким Чен Ин, ки соли 2011 пас аз падараш Ким Чен Ир раҳбари Куриёи Шимолӣ шудааст, нахустин сафари хориҷӣ мебошад.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар авохири моҳи майи соли 2018 Ким Чен Ин бояд бо раҳбари Амрико Доналд Трамп дидору мулоқот кунад.

114
Барчаспҳо:
дидор, Сӣ Ҷинпин, Ким Чен Ин, Чин, Пекин

Русия ба кишварҳои ИДМ ваксинаи тайёр медиҳаду ба дигарон истеҳсолашро меомӯзад-видео

152
(Таҷдидшуда 18:22 25.09.2020)
Русия гуфтааст, воксинаи тайёрро барои кишварҳо намефиристад, аммо омодааст таҷрибаи истеҳсоли доруро бо давлатҳои тавонманд тақсим кунад

Русия ваксинаи омодашударо ба таври зиёд ба хориҷи кишвар намефиристад.

Ба ҷойи ин, олимони Русия омодаанд, ки технологияи истеҳсоли доруро бо дигар кишварҳо тақсим кунанд.

Дар ин бора директори Пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалея Александр Гунзбург гуфтааст.  Аммо ин равишро дар кишварҳои ИДМ наметавон татбиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ду ваксинаи дигар дар Русия озмоиш мешавад.

22 сентябри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Русия барои озмоишҳои клиникии доруи нав, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Русия сохта шудааст, иҷозат дод.

Озмоишҳои ваксина, ки онро Маркази илмии “Вектор” таҳия кардааст, дар ҳоли анҷомёбист.

Чӣ гуна кишварҳои ҳамсоя метавонанд ваксинаи Русияро ба даст оранд ва чаро Русия омода аст таҳаввулоти худро ошкор кунад – дар навор бубинед.

152
Барчаспҳо:
содирот, истеҳсол, дору, Русия

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

119
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

119
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия
Игор Черевченко, акс аз бойгонӣ

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

0
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Дастаи “Химки” дар пайи қатъи шартнома бо сармураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод, ки Игор Черевченко сармураббии нави тим таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Собиқ сармураббии тими “Арсенал”-и Тула, Игор Черевченко ба мақоми сармураббии дастаи “Химки” таъйин шудааст, хабар дод бошгоҳ дар саҳифааш.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора хадамоти матбуоти даста хабар дод.

Черевченко дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шуд.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охир дар ҷадвали “РПЛ” фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
Футбол, Русия