(1:09 / 7.12Mb / просмотров видео: 6602)

Чораҳои ҷавобӣ: Русия дипломатҳои амрикоиро аз Петербург ихроҷ мекунад

124
(Таҷдидшуда 15:55 02.04.2018)
ИМА, бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Урупо, инчунин Канада, Норвегия, Украина ва чанд давлати дигар тасмим гирифтанд, ки дар робита бо ҳодисаи рухдода дар шаҳри Солсбери, дипломатҳои Русияро аз қаламравашон ихроҷ кунанд

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 60 дипломати русро аз хокаш баровард ва консулгариии кулли Русияро дар Сиэтл баст. Русия дар посӯх консулгарии кулли ИМА дар Санкт-Петербургро маҳкам кард.  

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров эълом дошт, ки тадбирҳои ҷавобӣ мунъакис хоҳанд шуд ва на танҳо. Ин аллакай маълум аст, Русияро то 5 апрел бояд 60 намояндаи дипломатияи Амрико тарк кунанд.

Рӯзи душанбе вазири корҳои хориҷии Австралия Ҷули Бишоп тасдиқ кард, ки ду дипломати рус кишварро тарк карданд. Дипломат қайд намуд, ки он кормандони сафорати Русия дар Австралия, ки барои тарк кардани кишвар 7 рӯз вақт доштанд, тибқи риояи мӯҳлати муайяншуда аллакай аз кишвар хориҷ шудаанд.

ИМА, баъзе кишварҳои Иттиҳоди Урупо, инчунин Канада, Норвегия, Украина ва чанд давлати дигар тасмим гирифтанд, ки дар робита бо ҳодисаи рухдода дар шаҳри Солсбери, дипломатҳои Русияро аз қаламравашон фиристанд.

Дар таърихи 4-уми март Сергей Скрипал ва духтараш Юлия заҳролуд шуда буданд. Лондон мегӯяд, ки дар заҳролудшавии Скрипалҳо бо моддаи A234, Русия даст дорад, вале Маскав ин айбдориро қатъиян рад мекунад.

124
Барчаспҳо:
Бритониё, ИМА, Русия