Арзоншавии нархи наво дар бозорҳои Хуҷанд: пас аз роҳкушоии Узбакистон

Обуна шудан
Пас аз бозкушоии гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон нархи наво дар бозорҳои Хуҷанд ба маротиб арзон шудааст

Савдогарони узбак бозори Тоҷикистонро кашф мекунанд.

Дар паи бештар шудани молу коло сокинони навоҳии наздимарзӣ арзоншавии нархи наворо мушоҳида мекунанд. Вале ба гуфти савдогарон бо пайдо шудани меваву сабзавоти тару тоза нархи наво каме гарон хоҳад шуд.

Нархи сабзавот натанҳо дар бозорҳои Хуҷанд, балки дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳам, арзон шудааст.

Як кило бодиринг аз 10 сомонӣ то 7 сомонӣ арзон шудаву як кило помидор бо нархи 14-20 сомонӣ фурухта мешавад.

Пештар бархе аз расонаҳои маҳаллӣ дар бораи манъи воридоти тухми хориҷӣ ба Тоҷикистон хабар дода буданд. Вале пас аз чанде оҷонсии "Тоҷикстандарт" ин хабарро такзиб кард.

Лентаи хабарҳо
0