Овозхони номдор Вера Брежнева ҳангоми ҳунарнамоӣ дар консерти "Звезды "Русского радио" дар Маскав, уфтод. Ҳангоми иҷрои суруди "Близкие люди" овозхон дар доманаш печида дар назди саҳна ба замин уфтод.
Пас аз ин Вера ба ҳунарнамоии худ идома дод. Аксари тамошобинон пай бурданд, ки сароянда бо фонограмма месарояд.
Вера Брежнева-сарояндаи попи Украина ва Русия буда, ҳамзамон муҷрӣ, ҳунарпеша ва узви пешини гурӯҳи "ВИА Гра" мебошад.
Василиса Ермакова ҳамагӣ ҳафт сол дорад, аммо аллакай бо ҳунари худ дар Русия се рекорд гузоштааст: ҷаҳидан аз трамплин ба сноуборд бо гардиши 540 дараҷа аз миёни хурдсолон, ҷаҳиш бо гардиши 360 дараҷа ба сноуборд ва ҷаҳиш аз баландӣ бо суръати ( 48 км / соат) дар скейтборд.
Дар баробари ин ӯ дар мусобиқот аз рӯи сноуборд ҳафт нишони тиллоӣ ба даст овардааст.
Василиса аз сесолагӣ ба ин навъи варзиш шавқ пайдо кард. Ҳамааш замоне оғоз шуд, ки волидонаш ӯро бо худ ба истироҳатгоҳи лижаронӣ бурданд.
"Вақте ман либос мепӯшидам ӯ, тахтаро гирифта бо ду пояш болои он баромад ва аз баландӣ худро ҳаво дод. Дар пеш монеа буд, вале ӯ наафтид, рост лағжида рафт. Мо ҳамаи инро ба навор гирифтем", - нақл кард падари духтарак Антон.
Се лижарони тоҷик барои Ҷоми Қароқурум дар Покистон зӯрозмоӣ мекунанд
Волидон аввал қарор карданд, ки ба духтарак лижабозиро меомӯзанд, вале пас аз як сол Василиса сноубордро низ аз худ кард. Тренери Василиса падараш мебошад, ки пеш ба ҳамин навъи варзиш машғул будааст.
Дар Ӯзбекистон, дар вилояти Ҷиззах, дар наздикии кӯли Тузкан ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ омодагӣ дида истодаанд.
Дар бораи сохтмони нерӯгоҳ Ҳукумати Ӯзбекистон бо Русия созиш карда буд.
Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон нахустин дар Осиёи Миёна хоҳад буд ва бар асоси нақша метавонад соли 2028 мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар бораи омодагиҳо ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ сардори Раёсати илму навовариҳои “Ӯзатом”, Шавкат Абдукомилов нақл кард.
Ба гуфтаи ӯ, кор дар ин лоиҳа сарфи назар аз пандемия идома дорад ва равобит бо ҷониби Русия дар бораи ин тарҳ тариқи онлайн сурат мегирад.
Феълан, мутахассисон таҳқиқоти муҳандисиро барои таҳияи лоиҳаи техникии нерӯгоҳи ҳастаӣ бурда истодаанд. Тамоми додаҳо ба Кумитаи давлатии амнияти саноатии Ӯзбекистон пешниҳод хоҳанд шуд ва он гоҳ ин ниҳод барои истифодаи ҳудуд иҷозат хоҳад дод.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Санаи 26 январ соати 09:00 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.
Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даъвати ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум” ба тасвиб расид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январ аз соати 08:00 то 17:00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи дуюм, утоқи дуюм ба қайд гирифта мешаванд.
Баҳси тағйироти кадрию савгандхӯрӣ? даъвати ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон
Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон умдатан қонунҳои муҳиме баррасӣ ва қабул мешаванд.