Навори гаштугузори арвоҳи аспсаворе дар кохи қадимие дар Англия

769
(Таҷдидшуда 13:30 17.04.2018)
Як шаҳрванди Англия тасодуфан бо дурбинаш шабаҳеро ба навор гирифт. Он монанд ба саворае буд, ки дар қаср гаштугузор мекард

Тавре хабаргузории Дейли Мейл гузориш медиҳад, як сокини 41-солаи Бритониё Томас Арнолд ба ҳавопаймои бесарнишон (замбурак ё дрон)  кохи қадимаи Берклиро, ки дар ноҳияи Глосершири Бритониё аст, ба навор гирифт.

Ӯ вақте ки натиҷаҳои наворро аз назар мегузаронид, сахт шигифтзада шуд —  дар он  суроби сафедеро дид, ки ба савора монанд буд. Агар наворро бо таваҷҷӯҳ тамошо кунед, метавонед мушоҳида кунед, ки дар кох саворае гашту гузор мекунад.

Чуноне ки муаллифи навор мегӯяд, ин суроби тааҷҷубовар қариб буд, ки ӯро аз дастгоҳаш маҳрум мекард. Вақте ки дурбин савораи сафедро ба навор мегирфт, он аз идораи Томас баромада буд.

Мард ин наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кард, ки боиси баҳсҳои доманадори истифодабарандагони интернет шуд. Касе ба ролик бовар мекард ва нафаре муаллифи онро ба истифодаи видеомонтаж муттаҳам мекард.

769
Барчаспҳо:
рӯҳ, шабеҳ, навор, Дар ҷаҳон