(1:10 / 9.06Mb / просмотров видео: 8773)

Навори боздошти узви ДОИШ дар Русия

321
ФСБ Русия навори фаврии боздошти ҷонибдорони гурӯҳи террористиии "Давлати ислом"-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон)мунташир кардааст, ки мехостанд дар вилояти Ростов амалиёти интиҳорӣ баргузор кунанд

Гуфта мешавад, узви ин гурӯҳи терористӣ бо фармони таблағгарони худ, ки дар Сурия қарор доштанд, нақша доштанд, ки дар вилояти Ростов бо истифода аз силоҳҳои оташафкан ва афзорҳои худсохти тарканда амалиёти интиҳорӣ баргузор кунанд.

Дар ҷойи ҳодиса автомати "АК-74", ниринҷакҳои дастӣ ва дастурамал барои истифодаи афзорҳои худсохти тарканда пайдо шуданд.

Дар навор мусодираи силоҳи оташафкан, муҳимоти ҷангӣ, афзорҳои худсохти таркандае, ки ба истифода омода буданд ва афзорҳои иртиботӣ нишон дода мешавад.

Роҳбари ин гурӯҳ ҳангоми боздошт яке аз афзорҳҳои худсохти таркандаро ба кор андохта, кушта шудааст.

321
Барчаспҳо:
боздошт, ифротӣ, ДОИШ, Русия