(1:07 / 9.17Mb / просмотров видео: 1712)

Тамошо куну гиря накун: чӣ гуна даста-даста пулҳоро нобуд мекунанд (НАВОР)

662
(Таҷдидшуда 17:52 19.04.2018)
Бонки марказии Русия рублҳои фарсуда ва қалбакиро доим несту нобуд мекунад. Пеш аз нобудсозӣ пулҳои коғазиро дар таҷҳизоти махсус ташхис мекунанд

Наздики 2 тонна пулҳои фарсуда ва қалбакиро пас аз майда кардан, дар давоми як рӯз месӯзонанд.

Рублҳои Русия ҳамагӣ се сол гардиш мекунанд, пулҳои хурд, аз қабили даҳрубла бошад, ҳамагӣ 8 моҳ дар муомилот мемонанд. Наздикӣ 95% пулҳо бо далели чиркинӣ аз кор мебароянд.

662
Барчаспҳо:
навор, нобудсозӣ, пул, Русия

Дастури Лукашенко барои марзбандӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳад-видео

147
(Таҷдидшуда 14:23 19.09.2020)
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки кишвараш сарҳад бо Лаҳистон ва Литваро мебандад

Лукашенко инчунин таъкид кардааст, ки Белорус ҳифзи сарҳад бо Украинаро таҳким мебахшад.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Белорусия, “нисфи артиш”-и кишвар барои ҳифзи сарҳадҳои ғарбӣ равона мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар наздикии марз бо Украина ҳудуди ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ҷамъ шудаанд.

Аз ҷумла хасидҳо, гуруҳи зоирини яҳудиҳо дар марзи Белорус ва Украина дармондаанд, ки бо нияти таҷлили иди анъанавии Рош ха-Шана дар рӯзи 18-уми сентябр азми сафар ба шащри украинии Уманро доштаанд.

Лукашанко дар бораи Конститутсияи нав: тағйирот на ҳамеша пешравист-видео

Аммо гузаргоҳи марзии “Новые Яриловичи” аз ҷониби Украина баста шуда буд. Бо вуҷуди ин зиёда аз 2,5 ҳазор зоирин-хасидҳо тавонистаанд ба шаҳри Уман худро расонанд.

Лукашенко ҳанӯз моҳи август ба далели сиёсати Вилнюс дар самти пуштибонии мухолифини Белорус, ба Ҳукумат дастур дода буд, ки самтҳои тиҷоратиро тағйир диҳанду ба ҷои бандарҳои Литва роҳҳои дигар, аз ҷумла Русияро интихоб кунанд.

147
Барчаспҳо:
марзӣ, Белорус

Омодагӣ машқҳои низомии “Қафқоз-2020”: Тоҷикистон ҳамчун нозир даъват шудааст

87
Низомиёни Белорус ва Чин барои иштирок дар машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” ба вилояти Астрахани Русия омаданд

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз хоҳанд шуд. Низомиён каме пештар барои иштирок дар машқҳо омодагӣ мегиранд. Низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои машқҳо омода месозанд.Қафқоз-2020. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида мешаванд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ҳамчун нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

87
Барчаспҳо:
Белоруссия, Чин, Русия, Астрахан, Қафқоз, машқҳои ҳарбӣ, машқҳо, Тоҷикистон

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0