(0:20 / 2.33Mb / просмотров видео: 7905)

Лутфи шоҳона: Трамп сабӯсаки сари Макронро афшонид

277
(Таҷдидшуда 18:40 25.04.2018)
Эммануэл Макрон-раисҷумҳури Фаронса бо сафари давлатӣ дар Амрико қарор дорад

Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп дар мулоқот бо роҳбари Фаронса ба сабӯсаке дар китфи Макрон ишора кард ва бо ханда онро афшонид.

Аз рафти мулоқоти сарони Амрико ва Фаронса дар вебгоҳи расмии Қасри сафед дар Ютуб гузориш мунташир гардид.

Раисҷумҳур Трамп гуфт, ки муносибатҳояш бо Макрон "ниҳоят гарм" шуданд.

"Ман ба Шумо кӯмак мекунам, ки аз сабӯсаки сар халос шавед",- гуфт Трамп ва намоишкорона  гӯё чизеро аз китфони Макрон афшонид.

277
Барчаспҳо:
навор, Эммануэл Макрон, Даналд Трамп, Дар ҷаҳон

Чӣ гуна духтараки 7 - сола кӯҳҳои барфпӯшро фатҳ мекунад - видео

79
(Таҷдидшуда 20:11 24.01.2021)
Комёбиҳои ин духтарак ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ӯ ҳамагӣ 7 сол дорад, вале аллакай чандин нишон ба даст овардаасту қуллаҳои баландро фатҳ намудааст

Василиса Ермакова ҳамагӣ ҳафт сол дорад, аммо аллакай бо ҳунари худ дар Русия се рекорд гузоштааст: ҷаҳидан аз трамплин ба сноуборд бо гардиши 540 дараҷа аз миёни хурдсолон, ҷаҳиш бо гардиши 360 дараҷа ба сноуборд ва ҷаҳиш аз баландӣ бо суръати ( 48 км / соат) дар скейтборд.

Дар баробари ин ӯ дар мусобиқот аз рӯи сноуборд ҳафт нишони тиллоӣ ба даст овардааст. 

Василиса аз сесолагӣ ба ин навъи варзиш шавқ пайдо кард. Ҳамааш замоне оғоз шуд, ки волидонаш ӯро бо худ ба истироҳатгоҳи лижаронӣ бурданд.

"Вақте ман либос мепӯшидам ӯ, тахтаро гирифта бо ду пояш болои он баромад ва аз баландӣ худро ҳаво дод. Дар пеш монеа буд, вале ӯ наафтид, рост лағжида рафт. Мо ҳамаи инро ба навор гирифтем", - нақл кард падари духтарак Антон.

Се лижарони тоҷик барои Ҷоми Қароқурум дар Покистон зӯрозмоӣ мекунанд

Волидон аввал қарор карданд, ки ба духтарак лижабозиро меомӯзанд, вале пас аз як сол Василиса сноубордро низ аз худ кард. Тренери Василиса падараш мебошад, ки пеш ба ҳамин навъи варзиш машғул будааст.

79
Барчаспҳо:
Русия, варзишкор, духтарак, комёбӣ

Омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон-видео

128
(Таҷдидшуда 18:25 24.01.2021)
Сарфи назар аз пандемияи коронавирус ва дигар монеаҳо Ӯзбекистон омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаиро идома дода истодааст

Дар Ӯзбекистон, дар вилояти Ҷиззах, дар наздикии кӯли Тузкан ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ омодагӣ дида истодаанд.

Дар бораи сохтмони нерӯгоҳ Ҳукумати Ӯзбекистон бо Русия созиш карда буд.

Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон нахустин дар Осиёи Миёна хоҳад буд ва бар асоси нақша метавонад соли 2028  мавриди истифода қарор дода шавад.

Дар бораи омодагиҳо ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ сардори Раёсати илму навовариҳои “Ӯзатом”, Шавкат Абдукомилов нақл кард.

Ба гуфтаи ӯ, кор дар ин лоиҳа сарфи назар аз пандемия идома дорад ва равобит бо ҷониби Русия дар бораи ин тарҳ тариқи онлайн сурат мегирад.

Феълан, мутахассисон таҳқиқоти муҳандисиро барои таҳияи лоиҳаи техникии нерӯгоҳи ҳастаӣ бурда истодаанд. Тамоми додаҳо ба Кумитаи давлатии амнияти саноатии Ӯзбекистон пешниҳод хоҳанд шуд ва он гоҳ ин ниҳод барои истифодаи ҳудуд иҷозат хоҳад дод.

128
Барчаспҳо:
ҳастаӣ, нерӯгоҳ, Ӯзбекистон
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

0
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

0
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC