Ман сазоворам: Меҳрона Ғайбуллоева озмунро тарк мекунад. Навор

828
(Таҷдидшуда 12:36 13.05.2018)
Намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева дар даври нимниҳоии шоу "Ту беҳтаринӣ!" ҳунарнамоӣ кард

Меҳрона дар даври нимниҳоӣ суруди гурӯҳи А-студия "Туро меҷустам"-ро иҷро кард. 

Дар давоми ҳунарнамоии Меҳрона танҳо як довар- Юлиана Караулова тугмачаи сабзро пахш кард. Ӯ қайд кард, ки ин шикаст Меҳронаро боз қавитар мекунад.

Дигар довраон ҳунарнамоии Меҳронаро танқид карданд.

Ба гуфти Сергей Лазерев ин дафъа намоии Меҳронасуст буд ваҳунарнамоияш дар ду бахши аввал беҳтар буд.

Худи Меҳрона аз шунидани чунин суханон ғамгин шуду гиря кард, вале ба фикри ӯ ҳунарнамоии ӯ хуб будааст.

"Ман номзади сазоворам",-гуфт қатъӣ Меҳрона.

Ҳангоми тарки саҳна Меҳрона устодонаш ва ҳамаи он нафаронеро, ки бо ӯ кор карда буданд, изҳори миннатдорӣ кард.

828
Барчаспҳо:
ҳунарнамоӣ, "Ту беҳтаринӣ", Меҳрона Ғайбуллоева, Русия, Маскав

Воқеияти ҷадид: аз чӣ Качаряни зиндонӣ Пашинянро ҳушдор дода буд - видео

100
(Таҷдидшуда 18:21 01.03.2021)
Рӯзи аввали март - оғози муқовимати сарвазир Никол Пашинян ва президенти собиқ Роберт Кочарян мебошад, ки то ҳол чун парвандаи ба истилоҳ "1 март" идома дорад. Тафсилоти бештар - дар видеое, ки соли 2019 омода шудаст

Ҳанӯз дар соли 2019, Кочарян аз боздоштгоҳ ба идораи Sputnik як номаи хос фиристода буд. Дар мактуб, собиқ раисиҷумҳур вазъи онвақтаи дохилии сиёсиро шарҳ дода, инчунин сиёсати худи Пашинянро танқид кард.

Ҳоло суханони сарвазир Пашинян, ки дар мусоҳиба бо RT изҳор дошта буд, ба тарзи вижа садо медиҳанд: "Ман он гуна сарвазир нестам, ки ҳамеша аз гум кардани мақомам битарсам". 

"Раққоси бад": шубҳаи Пашинян аз эътимоднокии "Искандар"-и Русия

Маврид ба зикр аст, ки Кочарян дар номаи худ иттилоъ медиҳад, ки  сарвазир Пашинян аз пуштибонии ҳизби ифротии Сасна Срер бархӯрдор аст.

Аммо, вазъ аз соли 2019 то ба ҳол ба куллӣ тағир ёфт. Акнун гуруҳ аз пуштибонии сарвазир даст кашида, ҷонибдори шиори "На барои гузашта, на барои ҳозира, балки барои ояндаи миллӣ" мебошанд.

Гузашта аз ин, аъзои гурӯҳи ҳамном, ки дар асоси он ҳизб таъсис дода шуд, чанде пеш барои ҳамла ба полки пайроҳадорон дар Ереван ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд.

100
Барчаспҳо:
сарвазир, президент, Арманистон

Навори бозпурсии муҳоҷири ӯзбек, ки дар қатли як хонавода муттаҳам мешавад

540
(Таҷдидшуда 17:05 01.03.2021)
Муҳоҷири ӯзбек дар манзили ин хонавода кор мекард ва феълан аз ҷониби пулис дастгир гардидааст

Рӯзи 28 феврал дар деҳаи Кудмаи Нижний Новгород ҷасади чор узви як хонавода бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд. Дар куштори кӯдаки 5 сола, модари 41 - сола ва бобою бибии 64 ва 63 - сола ӯ муҳоҷири 26 - сола аз Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешавад.

Гуфта мешавад, муҳоҷир давоми чанд муддат дар манзили онҳо кор мекард.

Дар ин ҳодисаи нохуш танҳо ду нафар наҷот ёфтанд, зеро дар замони рух додани ин ҳодиса дар манзили худ набуданд.

Тафтишот тахмин мекунад, ки муҳоҷир кушторро ба мақсади ғоратгарӣ содир намудааст, зеро пас аз қатл намудани соҳибони хона, ашёҳои гаронбаҳоро аз манзил ба берун баровардааст.

Ҳамчунин тафтишот ҳад мезанда, ки дар ин кор муҳоҷир танҳо набуда, чанд ҳаммаслаки дигар ҳам дошт.

Феълан нисбати муҳоҷир тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

540
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Фотима Ғуломова, ҳунарманди тоҷик пас аз як моҳи марги шавҳар

560
(Таҷдидшуда 22:08 01.03.2021)
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик, модари коргардони тавонои тоҷик Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов аст

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик
Акс аз саҳифаи фейсбукии Хуршед Мустафоев
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик

Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.

Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.

Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.

Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.

Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео

Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.

560