Фалокат зери по: навори сӯхтори мудҳиш дар бинои навбунёди "Султони Кабир"

205
(Таҷдидшуда 09:29 03.06.2018)
Оташсӯзӣ шаби гузашта, соати 21:00 сар шудааст. Ба ҷойи ҳодиса дар як вақт чанд мошини сӯхторхомӯшкунӣ сафарбар шудаанд, аммо забонаи оташ кайҳо масоҳати бузургро дар бар гирифта буд

Бино бар бархе маълумотҳо сӯхтор ду маркази тиҷоратии бозорро ба коми оташ фурӯ бурд. Дар ошёнаи аввали марказҳои савдо масолеҳи сохтмон ва мебел ба фурӯш бароварда мешуд. Бо ҳамин далел ҳам сӯхтор то рафт авҷ мегирифт ва боло мерафт.

Дар ҷойи ҳодиса мардуми зиёд ҷамъ омадаанд, ки бештари онҳо дар маркази алангагирифта мағозаи савдои худро доштанд. Бархе мехостанд ба оташ нигоҳ накарда, худро ба дохил зананд, аммо азбаски ин кор хатарнок буд, кормандони полис ба онҳо роҳ намедоданд.

Ҳоло далели сар задани чунин як сӯхтори бузург, ин дафъа дар "Султони Кабир" маълум нест. Дар бораи ҳаҷми хисороти ҳодиса низ ҳоло чизе нагуфтаанд. Аммо чун ҳодисаҳои пешини сӯхтор дар бозорҳои Душанбе, ин оташсӯзӣ низ ба кисаи тоҷирон латмаи бузурге зад. Тафтишот идома дорад.

205
Барчаспҳо:
оташсӯзӣ, Султони Кабир, Душанбе, Тоҷикистон