Рашид Раҳимов: Тоҷикистон дар сабқатҳои байналмилалӣ ҷонибдори Русия аст

481
(Таҷдидшуда 13:25 03.06.2018)
Ба саволи он ки "Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол кадом кишварро ҷонибдорӣ хоҳад кард", Рашид Раҳимов бо боварии том мегӯяд, Русияро

Футболбоз, Устоди варзиши Иттиҳои Шӯравӣ, мураббии машҳур Рашид Раҳимов  дар доираи баргузории Ҷоми ҷаҳон дар Русия бо хабарнигори Sputnik мусоҳиба кард.

Ин зодаи Тоҷикистон дар мусоҳиба қоил шуд, ки ба кадом тим ҳеҷ гоҳ сармураббӣ нахоҳад шуд. Ҳамчунин вай афзуд, Далер Қӯзиев боитстъдодтарин футболбози Русия аст.

Дар анҷоми мусоҳиба, ба саволи он ки "Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол кадом кишварро ҷонибдорӣ хоҳад кард", Рашид Раҳимов бо боварии том гуфт, Русияро.

 

481
Барчаспҳо:
мусоҳиба, навор, Рашид Раҳимов, Русия, Тоҷикистон

Бо хишту чӯбдастҳо: занозании муҳоҷирон дар майдони сохтмонӣ ба навор афтод - видео

828
(Таҷдидшуда 19:18 14.07.2020)
Дар яке аз майдонҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Чертановаи Шимолӣ муҳоҷирон хишт дар даст оммавӣ ҷанҷол карданд

Қазия рӯзи 14 июл дар шаҳри Масккав рух дод.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дида мешавад, чӣ гуна даҳҳо нафар дар як ҷо ҷамъ шуда ва хархаша мекунанд.

Аз навор дида мешавад, ки бархе аз муҳоҷирон дар даст чӯб, бел ва ҳатто хишт ба ҷанг бархостанд.

Сабаби сар задани муноқиша, ки ба ҷанҷолу занозанӣ оварда расонидааст, номаълум аст.

Корд дар даст: занозании ду ҷавон дар рафти мусобиқаи ММА дар Нур-Султон - Навор

Бино ба гуфти шоҳидони ҳол ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти қудратӣ ва гурӯҳе аз низомиёни ОМОН ҳозир шудаанд.

Расман дар бораи захмӣ шудани муҳоҷирон хабар дода нушдааст, вале шоҳидони ҳол мегӯянд, чанд нафар дар паи ин занозанӣ ҷароҳатдор шуданд.

828
Барчаспҳо:
ҷанҷол, муҳоҷирон, Русия, занозанӣ

Норак - як гӯшаи биҳиштии Тоҷикистон: навор

229
Сафорати Тоҷикистон дар Русия навори табиати зебои Норакро нашр кардааст. Норак, як гӯшаи дигари зебоманзари Тоҷикистон аст

Норак дар рӯди Вахш, дар 70 километрии ҷанубу шарқии Душанбе ҷойгир аст. Ин мавзеъ соли 1960 баробари сохтани нерӯгоҳи Норак ба минтақаи аҳолинишини зебое табдил гашт.

Сайёҳон мегӯянд, вақте вориди шаҳри Норак мешаванд, гӯё ба Иттиҳоди Шӯравӣ бармегарданд. Яке аз маконҳои дидании Норак, обанбори Норак аст.

Обанбор бо роҳи сунъӣ дар рӯди Вахш дар ҳудуди минтақаи Норак ташкил шуда буд. Сатҳи обанбор наздики 53 метр буда, он маҷрои рӯди Вахшро танзим мекунад.

Масоҳати кӯл 98 километри квадратиро ташкил медиҳад. Он бо оби ошомиданӣ пур аст, ки манбааш тоҷи яхини ҷовидони Помир аст.

Зебогии бештари кӯл ҳангоми заврақронӣ дар он ошкор мешавад. Ҳавои он хело тоза ва роҳатбахш аст.

Обанбори Норак пеш аз сарбанди нерӯгоҳ ҷойгир аст. Баландии сарбанди он 304 метр буда, ҳамчун баландтарин сарбанд ба китоби рекорҳои Гиннес ворид шудааст.

229
Лекарства в аптеке Душанбе

То дусад донаӣ парасетамол хариданд: сардори Хадамоти зиддинҳисорӣ дар бораи нархи дору

0
(Таҷдидшуда 13:02 15.07.2020)
Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, ҷаҳиши ахири нархи дорувориро ба мардум вобаста донист, ки ба таҳлука афтиданд

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Муминзод зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ба боло бурдани нархи доруворӣ асосан чаканафурӯшҳо даст заданд, ки аз таҳлукаи мардум сӯиистифода намуданд.

Ӯ афзуд, ки мардум ба таҳлука афтид, сабтҳои видеоӣ аст, ки як парасетамолро то 100-200 донаӣ харид мекунанд, ки дар натиҷа камчинӣ дар бозор пайдо шуд.

Ба гуфтаи Муминзод, кормандони ниҳодаш аз рӯзи аввали болоравии нарх, дар ҳар нуқтаи доруфурӯшӣ санҷиш гузаронда, зиёда аз 50 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд.

Ӯ таъкид намуд, ки дар пайи ин ҳолат Ҳукумат дорувориро ба феҳрасти молҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим ворид намуд, ки дар сурати зарурат нархи он аз ҷониби давлат назорат мешавад.  Сардори Хадамот ин тасмимро барои дастгирии қишри осебпазир муҳим хонд.

Ин дар ҳолест, ки чанд ҳафта қабл Ҳукумат, доруворию молҳои тиббӣ ва нуриҳои минералӣ барои хоҷагии қишлоқро ба феҳрасти маводи дорои аҳамияти иҷтимоӣ ворид намуд, ки феълан 19 номгӯи молро дар бар мегирад.

"Дексамитазон" дору алайҳи коронавирус: Созмони ҷаҳонии беҳдошт онро пазируфт

Дар сархати маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки нархашон аз ҷониби давлат назорат мешавад, орди навъи 1 ва 2 ва сипас нон, макарон, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот – сабзӣ, пиёз, карам, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ, нахуд, гӯшт, тухми мурғ, намак, чой, ғизои кӯдакон ва маводи сӯхт ҷой гирифтаанд. Бо қарори нав, доруворию молҳои тиббӣ ва инчунин нуриҳои минералӣ, органикӣ ва кимиёвӣ барои хоҷагии қишлоқ низ шомили ин рӯйхат гардиданд.

0
Барчаспҳо:
дору, нарх, Тоҷикистон