Маро мешиносӣ?: сӯҳбати сарироҳӣ ва самимии раисҷумҳур бо як духтараки 10-сола дар Данғара

842
(Таҷдидшуда 13:45 05.06.2018)
Ҳамин тавр, кишвардор аз духтарак дар бораи хонавода, маткаб ва касби дӯстдоштааш мепурсад. Навраси даҳсолаи тоҷик ба раисҷумҳур мегӯяд, ки фанни забони русиро дӯст медорад ва духтур шудан мехоҳад.

Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон сӯҳбати сарироҳӣ ва самимонаи кишвардор Эмомалӣ Раҳмонро бо як духтараки 10-солаи тоҷик дар ноҳияи Данғара мунташир кардааст.

Тавре аз навори муниташиршуда, дида мешавад, раиҷумҳур бо духтаре, ки Зайтуна ном доштааст, бисёр як сӯҳбати самимӣ мекунад. "Маро мешиносӣ?"- мепурсад дар рафти гуфтугӯ раисҷумҳур. Зайтуна дар посух мегӯяд, "бале, мешиносам".

Ҳамин тавр, кишвардор аз духтарак дар бораи хонавода, маткаб ва касби дӯстдоштааш мепурсад. Навраси даҳсолаи тоҷик ба раисҷумҳур мегӯяд, ки фанни забони русиро дӯст медорад ва духтур шудан мехоҳад.

Эмомалӣ Раҳмон, даст ба сари ин кӯдак ниҳода, мегӯяд, "Худо умратро дароз кунад, ҳатман духтур мешавӣ…"

— Духтари кӣ мешавӣ?
— Ман духтари акаи Зафар
— Синфи чанд мехонӣ?
— Ман синфи 3 мехонам
— Номат чӣ аст?
— Номам Зайтуна
— Чӣ қадар номи хушру, кадом фанро дӯст медорӣ?
— Забони русиро
— Забони русиро медонӣ, шеър медонӣ?
— Бале
— Канӣ, як шеъратро хон
— Белый снег пушистый, В воздухе кружится…
— Оянда кӣ мешавӣ?
— Оянда духтур мешавам
— Маро мешиносӣ?
— Бале..
— Инҷо бо кӣ омадаӣ?
— Бо  бибиам
— Хонатон дар куҷо аст?
— Деҳаи Лолазор
— Аҳсан, Худо умратро дароз кунад, мешавӣ духтур. Аҳсан..

Ёдрас мешавем, 1 июн раисҷумҳур ба вилояти Хатлон сафар карда буд. Кишвардор дар рафти сафар аз ноҳияи Данғара низ дидан карда, дар маросими  ифтитоҳи мактаб, намоишгоҳи кишоварзӣ иштирок кард. Сипас раисҷумҳур дар ноҳияи Данғара бо фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот орост.

842
Барчаспҳо:
мулоқот, духтарак, раисҷумҳур, Тоҷикистон