Колои арзон: Чин ба Тоҷикистон ҳам аввалин қатори боркашашро равон кард

228
(Таҷдидшуда 12:55 05.06.2018)
Аз Чин ба панҷ кишвари Осиёи Марказӣ қатори боркашон роҳандозӣ гардид, ки молу килоро ба кишварҳо бевосита дастрас мекунад.

Қатори боркаш дар як ҳафта як маротиба ба роҳ мебарояд.

Он аз минтақаи Синсяни музофоти Хэнан тариқи шаҳрҳои Тайюан, Инчуан, Чжанвэй, Увэй ва Урумчӣ мегузарад.

Ҳамин тавр, пас аз  гузаргоҳи "Алашанкоу" сарҳади Қазоқистонро гузашта ба самти  Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркаманистон равон мешавад.    

Қатор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷҳизотҳои механикӣ, маснуоти резинӣ, масолеҳи носӯз ва дигар молҳоро интиқол дода, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ашёи гуногун бармегардад. Роҳи оҳани мазкур як қисми тарҳи  "як банд —як роҳ" мебошад.

Қатор аз 43 вогони боркаш иборат буда, ҳаҷми гардиши таҳвили молу коло ба 150-200 ҳазор тонн мерасидааст.

Бартарии хатсайри мазкур суръати он арзёбӣ мегардад. Ин воситаи интиқоли коло нисбат ба боркашонии баҳрӣ чанд маротиба тезтар будааст.

228
Барчаспҳо:
интиқол, коло, қатор, Чин, Тоҷикистон