(1:44 / 13.08Mb / просмотров видео: 565)

Ба ҳаяҷон дода шудам: Меҳрона Ғайбуллоева аз Игор Крутой бахшиш пурсид

624
Меҳрона гуфт, пас аз нокомӣ ба ҳаяҷон дода шуд ва кореро кард, ки сахт пушаймон аст

Меҳрона Ғайбуллоева бори дигар аз оҳангсози машҳури Русия Игор Крутой бахшиш пурсид.

"Посухи густохонаи ман ба Игор Крутой иштибоҳи ман буд. Ман барои гуфтаҳоям узр пурсидан мехоҳам. Пас аз нокомӣ ба  ҳаяҷон дода шудам, ки аз он сахт пушаймонам, маро бубахшед",- мегӯяд Меҳрона.

Ёдрас мешавем, ширкаткунандаи озмуни "Ту беҳтаринӣ!" аз Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева ба марҳалаи ниҳоии озмун баромада натавонист. Ӯ дар саҳна бо суруди "Туро ҷӯстам" баромад кард, вале дастгирии доваронро пайдо накард. Тугмачаи сабзро танҳо овозхон Юлианна Караулова пахш карду халос, ҳол он ки барои ғалаба пахши ҳама чаҳор тугмачаи "Ҳа" лозим буд.

Оҳангсоз Игор Крутой мавқеи худро чунин фаҳмонд: ба ақидаи ӯ, баромади Меҳрона савтан заъиф буд.

"Ман имрӯз натавонистам тугмаи сабзро пахш кунам. Ту маро на ба ҳайрат оварда тавонистиву, на шигифтзада кардӣ. Ман бар онам, ки имрӯз ту натавонистӣ каме пештар равӣ", — шарҳ дод амали худро Игор Крутой.

Меҳрона суханони ӯро бурида, вориди баҳс шуд, ки ин танҳо фикри ӯсту, вай бо он куллан розӣ нест.

"Хайр ин фикри Шумост, вале на аз ман. Ба назарам, ман ширкаткунандаи шоиста ва  сазовори ғалабаам", — ҷавоб дод Меҳрона.

Аъзоёни дигари ҳайати ҳакамон чунин рафтори дағалонаи Меҳронаро интизор набуданд.  Прдюсер Виктор Дробиш ба зудӣ нимфиналисткаи "Ту беҳтаринӣ!"-ро ором кардан хоста, ба ӯ ёдовар шуд, ки дар муқобили ту шахси муътабар нишастааст, ки на як даҳсолаи умрашро барои ҷустуҷӯи кӯдакони боистеъдод сарф кардааст. 

"Мехоҳам ба ту хотиррасон кунам, ки Игор Крутой садҳо мисли ту баринҳоро тарбия ва ба воя расонидааст. Вай устоди воқеан эътирофшудаи касби худ ва ҳунарманди мардумӣ мебошад. Ба ту лозим аст, ки муносибабтатро на ба оҳангҳо, балки ба зиндагиву одамон дигар кунӣ. Кӯшиш кун то моро дарк намоӣ. Дар бораи мусиқӣ бошад, ҳоҷати гап ҳам нест", — ибрози назар кард Дробиш. 

Барандаи телевизион Вадим Такменев кӯшиш кард то дағалии Меҳронаро нисбат ба Игор Крутой, ки зери эҳсосот ба вуқӯъ омада буд, фаҳмонад. "Ман ҳоло ба ҷои Meҳрона ба шумо мегӯям: "Мебахшед!" барои чунин як вокуниш. Шумо бисёр чизҳоро намедонед. Дар каллаи ӯ алъон чунин фикрҳое ҷой гирифтаанд, ки озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ба охир расид ва ба хона баргаштан лозим аст, ки дар он ҷо на ҳама чиз оддиву фаҳмо аст. Меҳрона, ту бисёр духтари қавиӣ. Ту ба чунин сатҳи баланд расидаӣ — нимниҳоии озмуни байналмилалии савтии "Ту беҳтаринӣ!".

Ту аз ӯҳдаи ҳама кор мебароӣ. Ягона чизеро, ки ҳоло ман мехоҳам, ин муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон аст. Лутфан, барои баррасӣ ва ҳалли тамоми мушкилоти Меҳрона кумак кунед", — хоҳиш кард Вадим Такменев.

Меҳрона Ғайбуллоева бо чашмони пур аз ашк эътироф кард, ки ӯ каме ғалат кардааст ва дар назди аъзоёни ҳакамон узр пурсид.

624
Барчаспҳо:
ҳаяҷони саросарӣ, иштибоҳ, узрпурсӣ, Игор Крутой, Меҳрона Ғайбуллоева, Тоҷикистон

Воқеияти ҷадид: аз чӣ Качаряни зиндонӣ Пашинянро ҳушдор дода буд - видео

101
(Таҷдидшуда 18:21 01.03.2021)
Рӯзи аввали март - оғози муқовимати сарвазир Никол Пашинян ва президенти собиқ Роберт Кочарян мебошад, ки то ҳол чун парвандаи ба истилоҳ "1 март" идома дорад. Тафсилоти бештар - дар видеое, ки соли 2019 омода шудаст

Ҳанӯз дар соли 2019, Кочарян аз боздоштгоҳ ба идораи Sputnik як номаи хос фиристода буд. Дар мактуб, собиқ раисиҷумҳур вазъи онвақтаи дохилии сиёсиро шарҳ дода, инчунин сиёсати худи Пашинянро танқид кард.

Ҳоло суханони сарвазир Пашинян, ки дар мусоҳиба бо RT изҳор дошта буд, ба тарзи вижа садо медиҳанд: "Ман он гуна сарвазир нестам, ки ҳамеша аз гум кардани мақомам битарсам". 

"Раққоси бад": шубҳаи Пашинян аз эътимоднокии "Искандар"-и Русия

Маврид ба зикр аст, ки Кочарян дар номаи худ иттилоъ медиҳад, ки  сарвазир Пашинян аз пуштибонии ҳизби ифротии Сасна Срер бархӯрдор аст.

Аммо, вазъ аз соли 2019 то ба ҳол ба куллӣ тағир ёфт. Акнун гуруҳ аз пуштибонии сарвазир даст кашида, ҷонибдори шиори "На барои гузашта, на барои ҳозира, балки барои ояндаи миллӣ" мебошанд.

Гузашта аз ин, аъзои гурӯҳи ҳамном, ки дар асоси он ҳизб таъсис дода шуд, чанде пеш барои ҳамла ба полки пайроҳадорон дар Ереван ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд.

101
Барчаспҳо:
сарвазир, президент, Арманистон

Навори бозпурсии муҳоҷири ӯзбек, ки дар қатли як хонавода муттаҳам мешавад

545
(Таҷдидшуда 17:05 01.03.2021)
Муҳоҷири ӯзбек дар манзили ин хонавода кор мекард ва феълан аз ҷониби пулис дастгир гардидааст

Рӯзи 28 феврал дар деҳаи Кудмаи Нижний Новгород ҷасади чор узви як хонавода бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд. Дар куштори кӯдаки 5 сола, модари 41 - сола ва бобою бибии 64 ва 63 - сола ӯ муҳоҷири 26 - сола аз Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешавад.

Гуфта мешавад, муҳоҷир давоми чанд муддат дар манзили онҳо кор мекард.

Дар ин ҳодисаи нохуш танҳо ду нафар наҷот ёфтанд, зеро дар замони рух додани ин ҳодиса дар манзили худ набуданд.

Тафтишот тахмин мекунад, ки муҳоҷир кушторро ба мақсади ғоратгарӣ содир намудааст, зеро пас аз қатл намудани соҳибони хона, ашёҳои гаронбаҳоро аз манзил ба берун баровардааст.

Ҳамчунин тафтишот ҳад мезанда, ки дар ин кор муҳоҷир танҳо набуда, чанд ҳаммаслаки дигар ҳам дошт.

Феълан нисбати муҳоҷир тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

545
День 2 марта

Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:06 01.03.2021)
Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд

Рӯзи 2 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба нафту газ ташкил карда шуд.

Соли 1923 дар ИМА аввалин шумораи маҷаллаи "Time" нашр шуд.

Соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

Соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.

День 27 февраля нац
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардид.

Соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 март

  • Рӯзи байналмилалии гӯгирд.
  • Дар Ливия – Рӯзи тахлия.

Рӯзи 2 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1946 - журналист Мухиддин Олимпур. 

Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.

Соли 1959 – ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон