(1:37 / 12.73Mb / просмотров видео: 760)

Меҳрона Ғайбуллоева дар бораи мушкилии сарзада байни ӯ ва холааш

1050
Ҳоло ширкаткунандаи озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ният дорад ҷудогона зиндагӣ кунад, ҳарчанд вай иқрор мешавад, ки ин тасмим барои вай ба осонӣ ба даст намеояд

Ҳанӯз то сафар ба Маскав байни Меҳрона ва холааш Шаҳло Ғайбуллоева муносибатҳои мураккаб вуҷуд доштанд. Дар пахши мустақим духтар ҳатто барои рафтораш аз холааш, ки ӯро модар гуфта номбар мекунад, бахшиш пурсида буд.

Ҳангоми фуруд омадан ба Душанбе, овозхони ҷавон бо холааш вохӯрда, бори дигар аз вай бахшиш пурсид, аммо пешниҳоди холаашро, ки ба хонаи ӯ раванд, духтар рад кардааст. Мувофиқи гуфтаҳои вай, ӯ ҳанӯз омода нест, ки қадами аввалро гузорад.

"Бо холаам мо ҳеҷ гуна муошират надорем, ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст. Шояд, ин ихтиёри вай ё ин ки аз ман бошад. Ҳеҷ намехоҳам гоми аввалро гузорам, оромона ва алоҳида аз вай зиндагӣ кардан мехоҳам", — маҳзунона эълом мекунад Ғайбуллоева.

Сароянда бар он бовар аст, ки алъон ҳеҷ чиз наметавонад муносиботи онҳоро хуб кунад, ва метарсад, ки агар онҳо мисли пештара ҳамроҳ зиндагӣ кунанд, муноқишаҳои хонаводагӣ тамом намешаванд.

Ҳоло ширкаткунандаи озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ният дорад ҷудогона зиндагӣ кунад, ҳарчанд вай иқрор мешавад, ки ин тасмим барои вай ба осонӣ ба даст намеояд.

1050
Барчаспҳо:
муносибат, Меҳрона Ғайбуллоева, Тоҷикистон