(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 1)

Намози ид дар Маскав. Пахши мустақим

145
Мусалмонони Русия имрӯз иди саиди Фитрро таҷлил мекунанд. Ид дар Маскав бо хондани намоз сар шуд

Субҳи имрӯз дар Маскав ҳазорҳо мусалмон барои хондани намози ид дар Масҷиди ҷомеи Ҷамъ омаданд. Мардум таҷлили идро аз хондани намоз сар кардаанд.
Имсол дар Тоҷикистон низ эълом карданд, ки иди Рамазон ба 15 июн рост меояд.

145
Барчаспҳо:
Рамазон, ид, намозгузорон, масҷиди ҷомеъи шаҳри Маскав, Маскав, Русия

"Бадахшон": намоҳанги нави Меҳрнигор ба забони шуғнонӣ, ки пас аз сабт ӯ бемор шуд - видео

2197
(Таҷдидшуда 13:35 26.05.2020)
Меҳрнигори Рустам сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон намоҳанги нави худро таҳти унвони "Бадахшон" пешкаши мухлисон кард

Овозхони номдори тоҷик Меҳрнигори Рустам намоҳанги нави худро дар шабакаи Youtube нашр кард. Матни суруд ба қалами рӯзноманигор Орзу Исоев тааллуқ дошта қисми аввали он ба забони шуғнонӣ иҷро шуда ва баъд ба забони тоҷикӣ идома мекунаду дар охир бо мадҳиясароӣ ва талаби шифо аз Худованд анҷом мепазирад.

Намоҳанг дар манзараҳои зебои Данғара ба навор гирифта шшудааст. Ин клипро сарояндаи ҷавон Некрӯз Ниёзов тамзим карда ва он таҳти мудирияти Сафаров Бахтовар омода шудааст.

Меҳрнигори Рустам барои омода карани ин намоҳанг ба сарояндаи машҳур писари маэстро Далер Назаров - Аброр Назаров изҳори сипос кардааст.

Пироҳанҳои пӯшидаи Меҳрнигор дар ин намоҳанг маҳсули дасти тарроҳони номӣ Хуршед Сатторов ва Нафиса Имронова мебошад. Дар намоҳанг гурӯҳи рақсии "Парасту" Меҳрнигорро ҳамроӣ мекунанд.

Меҳрнигор пештар дар барномаи "Ногуфтаҳо"-и Орзу Исоев дар бораи сабти ин намоҳангаш гуфт, авохири моҳи апрел барои сабти намоҳанг ба Данғара сафар карда буд ва пас аз як рӯз вазъи саломатиаш ногувор шуд.

"Маззаро эҳсос намекардам, беҳолӣ буд, овозам гирифт, биниям маҳкам шуд ҳарорат ҳам доштам", - гуфт Меҳрнигор ва афзуд, ки пизишкон ба ӯ ташхиси аллергия гузоштанд.

Меҳрнигор намоҳанги нави худро рӯзи 24 май дар остонаи Иди Фитр ҳамчун армуғон барои мухлисонаш пешкаш кард. То имрӯз ин намоҳангро беш аз 20 ҳазор кас боздид карда ва зиёда аз ҳазор ккорбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки барои ҷамоати исмоилии Бадахшон рӯзи 24 май рӯзи вижа аст.

Дар ин рӯз мардуми Бадахшони Тоҷикистон Рӯзи Нур ё дидорро таҷлил мекунанд. Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоъилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи Нур ё Дидор ҷашн мегиранд.

 

2197
Барчаспҳо:
Бадахшон, намоҳанги нав, Меҳрнигори Рустам

Коронавирус чӣ бӯй дорад? Эрониҳо барои дарёфти беморони COVID-19 сагҳоро меомӯзанд- видео

858
(Таҷдидшуда 14:36 25.05.2020)
Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад. Барои тафсилоти бештар наворро бубинед

Кормандони маркази таълимии сагҳо дар Теҳрон месанҷанд, ки оё сагҳо COVID-19-ро ёфта метавонанд.

Дар таҷриба сагҳои зотҳо ва ҷинсҳои гуногун иштирок мекунанд - аз ин рӯ олимон мекӯшанд муайян кунанд, ки кадом ҳайвонҳо самараноктар кор мекунанд.

Ба гуфтаи мураббиён, чорпоён метавонанд 65% сироятро муайян кунанд. Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад.

Барои тафсилоти бештар наворро бубинед.

858
Барчаспҳо:
навор, саг, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Бозгашти футболи бузург ба майдон

0
(Таҷдидшуда 11:25 27.05.2020)
Чемпионати Испания аз сертамшобинтарин ва ҳаводортарин мусоқибиқоти ҷаҳон аз намуди футбол пас аз танаффуси тӯлонӣ бармегардад

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Чемпионати Испания, ки ба сабаби пандемияи коронавирус, моҳ март қатъ шуда буд, рӯзи 8-уми июн аз нав оғоз меёбад.

Дар ин бора рӯзномаи Marca дар такя ба суханони Педро Санчес сарвазири Испания хабар додааст.

“Испания он чиро, ки бояд иҷро мекард, анҷом дод. Акнун дар назди ҳар яки мо вазифаҳои нав меистад. Замоне расидааст, ки бисёре аз машғулиятҳои ҳаррӯзаи мо дубора барқарор шаванд. Чемпионати футболи кишвар 8-уми июн оғоз хоҳад шуд”, - гуфтааст Санчес.

Ёдовар мешавем, қаблан, Хавйер Тебас президенти Ла Лига гуфт, бозиҳо бидуни тамошобин баргузор мешаванд ва ба бошгоҳҳо иҷоза дода шуда буд, ки аз 18-уми май тамринҳои гурӯҳиро аз нав оғоз кунанд.

То ин замон тамринҳои бозигарон ба таври инфиродӣ сурат мегирифт.

Чемпионати Испания аз машҳуртарин мусобиқоти футбол аст, ки ҳаводорони зиёд дорад. Дар ин мусобиқот ду бошгоҳи бузурги сайёра “Реал Мадрид” ва “Барселона” ҷой доранд.

0