Вокуниши Путин ба голи аввали тими Русия корбарони интернетро хурсанд кард

Обуна шудан
Ғайр аз 5 голи зебову аҷиб ба дарвозаи тими Арабистони Саудӣ, ҳаводорони футболро вокуниши Путин ба голи аввали Русия хурсанд кард

Дар Русия ҷоми футболи ҷаҳон оғоз шуд. Бозӣ миёни тимҳои мунтахаби миллии Русия ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи "Лужники" бо пирӯзии Русия бо ҳисоби 5-0 анҷом ёфт.

Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибн Салмон, роҳбари Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин бозиро тамошо карда, бо як дигар гуфтугӯ мекарданд.

Вақте, ки ҳисобро дар дақиқаи 12-ум нимҳимоятгари Русия Юрий Газинский боз кард, Путин ва Инфантино дастҳои худро боло бурда ишораи аҷиб карданд. Путин ба шаҳзода даст дароз кард ва бори дигар салом кард.

Зимни пахши мустақим наворбардор ҳамин лаҳзаро ба тамошобинон намоиш додааст.

​​Дар навор дида мешавад, ки шоҳзода Муҳаммад ибн Салмон дастҳои худро мисли Путин ва Инфантино боло карда ишора намудааст, ки футбол танҳо бозӣ мебошад.

Новобаста аз он ки бозӣ бо ҳисоби 5-0 анҷом ёфт, шоҳзодаи Арабистони Саудӣ наранҷид ва бозиро то охир тамошо кард.  Ин вокуниши Путин ва шаҳзодаи Арабистони Сауди боиси баҳсҳои доманадори корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0