(1:30 / 12.22Mb / просмотров видео: 601)

Навори намози ид дар масҷиди ҷомеи Душанбе ва мавъизаи Саидмукаррам Абдулқодирзода

146
(Таҷдидшуда 15:51 15.06.2018)
Ид дар Тоҷикистон аз хондани намоз шурӯъ шуд. Намозгузороне, ки ба масҷиди марказии ҷомеи Душанбе омада буданд, ҳамчунин мавъизаҳои муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро гӯш карданд

Шӯрои уламои Тоҷикистон эълом карда буд, ки иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн фаро мерасад.

Имрӯз мусалмонони кишвар таҷлили  идро бо гузаштани намоз сар карданд.

Дар масҷиди марказии ҷомеи Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби Чархӣ намозро муфтии мусалмонони Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода имоматӣ кард.
Раиси Шӯрои уламо тамоми ҳозирон ва мардуми Тоҷикистонро бо фаророрасии ин иди муқаддас шодбош гуфт.

146
Барчаспҳо:
мавъиза, намоз, Масҷиди марказии Душанбе, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Тоҷикистон

"Бадахшон": намоҳанги нави Меҳрнигор ба забони шуғнонӣ, ки пас аз сабт ӯ бемор шуд - видео

1883
(Таҷдидшуда 13:35 26.05.2020)
Меҳрнигори Рустам сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон намоҳанги нави худро таҳти унвони "Бадахшон" пешкаши мухлисон кард

Овозхони номдори тоҷик Меҳрнигори Рустам намоҳанги нави худро дар шабакаи Youtube нашр кард. Матни суруд ба қалами рӯзноманигор Орзу Исоев тааллуқ дошта қисми аввали он ба забони шуғнонӣ иҷро шуда ва баъд ба забони тоҷикӣ идома мекунаду дар охир бо мадҳиясароӣ ва талаби шифо аз Худованд анҷом мепазирад.

Намоҳанг дар манзараҳои зебои Данғара ба навор гирифта шшудааст. Ин клипро сарояндаи ҷавон Некрӯз Ниёзов тамзим карда ва он таҳти мудирияти Сафаров Бахтовар омода шудааст.

Меҳрнигори Рустам барои омода карани ин намоҳанг ба сарояндаи машҳур писари маэстро Далер Назаров - Аброр Назаров изҳори сипос кардааст.

Пироҳанҳои пӯшидаи Меҳрнигор дар ин намоҳанг маҳсули дасти тарроҳони номӣ Хуршед Сатторов ва Нафиса Имронова мебошад. Дар намоҳанг гурӯҳи рақсии "Парасту" Меҳрнигорро ҳамроӣ мекунанд.

Меҳрнигор пештар дар барномаи "Ногуфтаҳо"-и Орзу Исоев дар бораи сабти ин намоҳангаш гуфт, авохири моҳи апрел барои сабти намоҳанг ба Данғара сафар карда буд ва пас аз як рӯз вазъи саломатиаш ногувор шуд.

"Маззаро эҳсос намекардам, беҳолӣ буд, овозам гирифт, биниям маҳкам шуд ҳарорат ҳам доштам", - гуфт Меҳрнигор ва афзуд, ки пизишкон ба ӯ ташхиси аллергия гузоштанд.

Меҳрнигор намоҳанги нави худро рӯзи 24 май дар остонаи Иди Фитр ҳамчун армуғон барои мухлисонаш пешкаш кард. То имрӯз ин намоҳангро беш аз 20 ҳазор кас боздид карда ва зиёда аз ҳазор ккорбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки барои ҷамоати исмоилии Бадахшон рӯзи 24 май рӯзи вижа аст.

Дар ин рӯз мардуми Бадахшони Тоҷикистон Рӯзи Нур ё дидорро таҷлил мекунанд. Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоъилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи Нур ё Дидор ҷашн мегиранд.

 

1883
Барчаспҳо:
Бадахшон, намоҳанги нав, Меҳрнигори Рустам

Коронавирус чӣ бӯй дорад? Эрониҳо барои дарёфти беморони COVID-19 сагҳоро меомӯзанд- видео

826
(Таҷдидшуда 14:36 25.05.2020)
Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад. Барои тафсилоти бештар наворро бубинед

Кормандони маркази таълимии сагҳо дар Теҳрон месанҷанд, ки оё сагҳо COVID-19-ро ёфта метавонанд.

Дар таҷриба сагҳои зотҳо ва ҷинсҳои гуногун иштирок мекунанд - аз ин рӯ олимон мекӯшанд муайян кунанд, ки кадом ҳайвонҳо самараноктар кор мекунанд.

Ба гуфтаи мураббиён, чорпоён метавонанд 65% сироятро муайян кунанд. Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад.

Барои тафсилоти бештар наворро бубинед.

826
Барчаспҳо:
навор, саг, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров дар бораи танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон: Русия омодаи кӯмак аст

0
(Таҷдидшуда 19:58 26.05.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки дар марз аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват меорад, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва омода аст, ки ҳамчун миёнрав хизмат кунад. Дар ин боравазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди нишасти вазирони умумири хориҷа дар ҷаласаи СПАД гуфтааст.

 "Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ёдрас мешавем, 24 май бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад. Марбонони ҳарду кишвар тир кушоданд.

Марзбонии ду давлат ҳодисаро гуногун тавзеҳ доданд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Қирғизистон сокинони Ворухро дар гузаштан ба минтақаи қирғизҳо барои чарронидани чорво муттаҳам кард, аммо ба иттилои КДАМ Тоҷикистон баръакс, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

0