(2:34 / 17.57Mb / просмотров видео: 3881)

Аз оҳангҳои Ноҳид то таронаи Фарзона ва рақси Фарҳод: ҳунарнамоии тоҷикон дар "Этномир"

176
(Таҷдидшуда 18:09 25.06.2018)
Ҳунарнамоии тоҷиконро дар ҷашнвораи "Этномир" дар Маскав аз навори вижаи Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвораи "Этномир" дар Маскав дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд. Ҳунармандони тоҷикистонӣ бори аввал дар ҷашнвораи "Этномир" ширкат карданд ва мухлисони худро пайдо карданд.

Дар саҳнаи ҷашнвора Ноҳид Зайналпур, овозхон Фарҳод Фазлиев, раққос Фарҳод Ҷомаҳмадзода ва ҳунарманд Шаҳзод Ҳакимов баромад карданд.Ровии барнома раиси Марказии фарҳангии тоҷикон Хуршеда Ҳамроқулова буд.

Ҳунарнамоии тоҷиконро дар ҷашнвораи "Этномир" дар Маскав аз навори вижаи Sputnik Тоҷикистон  тамошо кунед.

176
Барчаспҳо:
ҷашнвора, тарона, рақс, Русия, Тоҷикистон

Путин пешниҳоди Лукашенкоро барои тағйири Конститутсия шарҳ дод-видео

30
(Таҷдидшуда 20:49 31.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, пешниҳоди Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусро барои тағйири Конститутсияи кишвар шарҳ дод

Путин пешниҳоди Лукашенко барои вуруди тағйирот ба Конститутсияи Белорусияро қадам ба истиқболи мухолифини сиёсияш хонд.

“Ин қадам сӯи мухолифини сиёсӣ мебошад”, - изҳор дошт Путин зимни тавзеҳи иқдоми Лукашенко барои тағйири Сарқонун. Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар анҷумани сармоягузорӣ, ки ВТБ Капитал зери унвони "Россия зовет!" дар Маскав ташкил карда буд, изҳор дошт.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, дуруст мебуд, агар нерӯҳои сиёсии Белорус ба ин раванд шомил мешуданду дар муътадил сохтани вазъ ширкат мекарданд. Ӯ таъкид намуд, ки ба ин восита метавонанд ба тасмимҳое, ки қабул карда мешаванд, таъсир расонанд.

Раисиҷумҳури Русия ин тарзи амалро беҳтар аз муттаҳамсозии Лукашенко дар ҳилагарӣ хонд.

Ин дар ҳолест, ки вазъ дар Белорус баъди интихоботи президентии 9 август шиддат ёфт.

Тибқи иттилои расмии Комиссияи марказии интихобот Лукашенко пирӯз шуд, аммо мухолифон бо ин натиҷа норозӣ буда, даст ба тазоҳурот заданд.

30
Барчаспҳо:
Конститутсия, Белорус, Русия

Дар Маскав муҳоҷирон намерасанд: видео

234
(Таҷдидшуда 14:49 31.10.2020)
Бинобар сабаби баста будани марзҳо дар пойтахт, норасоии шадиди бинокорон, хаткашонҳо ва ронандагони такси ба назар мерасад. Бисёре аз онҳое, ки дар Русия монданд, маҷбур буданд вазифаҳои худро иваз кунанд. Маълумоти бештар- дар навор

Бо сабаби пандемия ва баста шудани марзҳо дар Маскав, мақомот дар бораи хуруҷи муҳоҷирони корӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, набудани муҳоҷирон аллакай чашмрас аст ва то зимистон пойтахти Русия метавонад ба мушкилоти аз ин ҳам зиёдтар дучор ояд.
Асосан дар сохтмонҳо, хӯрокпазӣ ва нақлиёт коргарон намерасанд. Сохаи сохтмон мушкили махсусро аз сар мегузаронад.

"Бо хуруҷи нерӯи корӣ, нархномаҳо барои ҳар як касби коргарӣ афзоиш ёфтанд: ҳам барои монолит, ҳам барои рангубор ва ҳам барои таъмир", - гуфт Светлана Бабкина, муовини директори Департаменти сохтмонии Гурӯҳи "Инград".

Дар умури хизматрасонии таксиҳо низ вазъият хуб нест.

"Пеш аз карантини аввал, ҳама чиз умуман мурда буд. Ҳоло каму беш ҳаракат ба назар мерасад. Ҳоло ҳам, бинобар коронавирус, мардум дар хона мемонанд, пул кам аст, онҳо ба сарфа шурӯъ мекунанд" - гуфт ронандаи такси Арман.

Собянин гуфт, Маскав бе муҳоҷирон ба чӣ мушкил мувоҷеҳ шудааст

Аммо дар соҳаи таҳвил (доставка), вазъи кор беҳтар аст. Ба гуфтаи Татяна Борзих, мудири кулли хадамоти таҳвили "Достависта", танҳо дар моҳи сентябр ҳайати онҳо дар Русия 20 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

Аммо, баробари кушодани марзҳо, вазъ бояд бешубҳа беҳтар шавад.

234
Пожар, архивное фото

Сержант то омадани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш кард

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бурдани корҳои зиёди пешгирикунанда, ҳамоно бисёре аз масъулини дӯкону марказҳои савдо, мағозаву бозорҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нодида мегиранд

ДУШАНБЕ,  31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шаби 29 ба 30-юми октябри соли равон тахминан соати 01:00, дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе, дар нуқтаи савдои тезтайёр сӯхтор сар зад.

"Дар ин ҳангом корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед, ки дар ин минтақа хизмат мебурд, ин ҳодисаро пай бурда, дар баробари хабар додани ба бахши оташнишонӣ, худ низ дарҳол аз паи хомӯш намудани сӯхтор мешавад. Мавсуф ба воситаи тирезаи нуқтаи савдо ворид онҷо шуда, оташро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш мекунад", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми рости пешонии сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед осеб дидааст. Айни ҳол номбурда бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар Раёсати тибби ВКД таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

ВУД таъкид кардааст, ҷасорат, масъулият ва садоқати корманди милитсия буд, ки ин ҳодисаи сӯхтор хомӯш карда шуду дигар ашёҳои нуқтаи савдо аз коми оташ эмин нигоҳ дошта шуданд.

0
Барчаспҳо:
оташхомӯшкунӣ, сӯхтор, Тоҷикистон