Понздаҳ наворе, ки сагу гурба дучори арвоҳ шуданд

424
Бештари нафароне, ки дар хона саг ё гурба нигоҳ медоранд, боварӣ доранд, ки ҳайвоноти хонагӣ қобилияти дидани шабаҳро дорад. Бархе аз онҳо ҳатто ин гуна ҳолатҳоро ба навор ҳам гирифтаанд

Дар ҳар сурат,  ҳайвонот нисбат ба инсон қобилияти шунавоӣ ё биноии беҳтаре доранд.

Ин навор дар Ютуб 6 миллион боздид гирфтааст. Дар навор ҳаракати аҷиби ҳайвоноте, ки дучори арвоҳ шудаанд, ба назар мерасад.

Соҳибони сагу гурбаҳо ҳаракати аҷиби онҳоро мушоҳида кардаанд.

Чинончӣ, гурбае бо "ҳаво" бозӣ мекунад ё ки ба нуқтае дурудароз нигоҳ мекунад ва гӯё чизеро мебинад, ки дигарон надидаанд. Ҳайвонҳо баъзан фашшосзанон чунон аз бино мегурезанд, ки гӯё дар ҳақиқат суроберо дидаанд. Ё ин ки бо шавқ бозӣ мекунанд, гӯё дар панҷаи худ чизе доранд. Метарсанд, ба атроф нигоҳ мекунанд ва чунон рӯ ба гурез мениҳанд, ки гӯё касе онҳоро сур карда бошад.

Дар навори боло ин ҳама кирдори ғайриоддии чорпоён гирд оварда шудааст.

Ба гуфтаи соҳибони ҳайвонот, сагу гурбаҳо дар ҳақиқат қобилияти дидани арвоҳро доранд. Мутаассифона мо наметавонем, ин гуфтаҳои онҳоро тасдиқ ё инкор кунем. Аммо ҳаракати чорпоёне, ки дар навор дида мешавад, дар ҳақиқат аҷиб ва ғайриоддӣ аст.

424
Барчаспҳо:
арвоҳ, сагу гурба, навор, Дар ҷаҳон