Дарстайёркунии духтарчаи бехона зери борони шадид (НАВОР)

240
(Таҷдидшуда 17:13 18.07.2018)
Духтарча мехоҳад беҳтарин дар синф бошад, то дар оянда тавонад дастёри оила гардад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар интернет навори дарстайёркунии Элейн, духтари 8-солаи бехона зери борони шадид нашр шуд.

Оилаи Элейн Долфо дар Филиппин, баъди бемории падараш бехона мондааст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, духтарча мехоҳад беҳтарин дар синф бошад, то дар оянда тавонад дастёри хонавода гардад.

Навори дарстайёркунии Элейнро роҳгузаре сабт намуда, дар интернет нашр кардааст. Ӯ мегӯяд, ин духтар бо иродае, ки дорад, ҳатман муваффақ хоҳад шуд.

Дар Филлипин дастгирии оила, то хешу табори дур, ҳукми анъана мебошад.

Феълан ин кишвар яке аз содиркунандагони асосии нерӯи корӣ ба Канада, Ҷопон ва Юнон ба шумор меравад.

240
Барчаспҳо:
мушкил, борон, дарсомӯзӣ, бехона

Путин пешниҳоди Лукашенкоро барои тағйири Конститутсия шарҳ дод-видео

22
(Таҷдидшуда 20:49 31.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, пешниҳоди Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусро барои тағйири Конститутсияи кишвар шарҳ дод

Путин пешниҳоди Лукашенко барои вуруди тағйирот ба Конститутсияи Белорусияро қадам ба истиқболи мухолифини сиёсияш хонд.

“Ин қадам сӯи мухолифини сиёсӣ мебошад”, - изҳор дошт Путин зимни тавзеҳи иқдоми Лукашенко барои тағйири Сарқонун. Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар анҷумани сармоягузорӣ, ки ВТБ Капитал зери унвони "Россия зовет!" дар Маскав ташкил карда буд, изҳор дошт.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, дуруст мебуд, агар нерӯҳои сиёсии Белорус ба ин раванд шомил мешуданду дар муътадил сохтани вазъ ширкат мекарданд. Ӯ таъкид намуд, ки ба ин восита метавонанд ба тасмимҳое, ки қабул карда мешаванд, таъсир расонанд.

Раисиҷумҳури Русия ин тарзи амалро беҳтар аз муттаҳамсозии Лукашенко дар ҳилагарӣ хонд.

Ин дар ҳолест, ки вазъ дар Белорус баъди интихоботи президентии 9 август шиддат ёфт.

Тибқи иттилои расмии Комиссияи марказии интихобот Лукашенко пирӯз шуд, аммо мухолифон бо ин натиҷа норозӣ буда, даст ба тазоҳурот заданд.

22
Барчаспҳо:
Конститутсия, Белорус, Русия

Дар Маскав муҳоҷирон намерасанд: видео

231
(Таҷдидшуда 14:49 31.10.2020)
Бинобар сабаби баста будани марзҳо дар пойтахт, норасоии шадиди бинокорон, хаткашонҳо ва ронандагони такси ба назар мерасад. Бисёре аз онҳое, ки дар Русия монданд, маҷбур буданд вазифаҳои худро иваз кунанд. Маълумоти бештар- дар навор

Бо сабаби пандемия ва баста шудани марзҳо дар Маскав, мақомот дар бораи хуруҷи муҳоҷирони корӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, набудани муҳоҷирон аллакай чашмрас аст ва то зимистон пойтахти Русия метавонад ба мушкилоти аз ин ҳам зиёдтар дучор ояд.
Асосан дар сохтмонҳо, хӯрокпазӣ ва нақлиёт коргарон намерасанд. Сохаи сохтмон мушкили махсусро аз сар мегузаронад.

"Бо хуруҷи нерӯи корӣ, нархномаҳо барои ҳар як касби коргарӣ афзоиш ёфтанд: ҳам барои монолит, ҳам барои рангубор ва ҳам барои таъмир", - гуфт Светлана Бабкина, муовини директори Департаменти сохтмонии Гурӯҳи "Инград".

Дар умури хизматрасонии таксиҳо низ вазъият хуб нест.

"Пеш аз карантини аввал, ҳама чиз умуман мурда буд. Ҳоло каму беш ҳаракат ба назар мерасад. Ҳоло ҳам, бинобар коронавирус, мардум дар хона мемонанд, пул кам аст, онҳо ба сарфа шурӯъ мекунанд" - гуфт ронандаи такси Арман.

Собянин гуфт, Маскав бе муҳоҷирон ба чӣ мушкил мувоҷеҳ шудааст

Аммо дар соҳаи таҳвил (доставка), вазъи кор беҳтар аст. Ба гуфтаи Татяна Борзих, мудири кулли хадамоти таҳвили "Достависта", танҳо дар моҳи сентябр ҳайати онҳо дар Русия 20 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

Аммо, баробари кушодани марзҳо, вазъ бояд бешубҳа беҳтар шавад.

231
Новая операционная в районой больнице №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района

Дар вилояти Суғд 459 иншооти соҳаи тандурустӣ таъмир мегардад

0
(Таҷдидшуда 20:35 31.10.2020)
Дар нӯҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 64 оншооти тандурустӣ ба итмом расонида шудааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми солҳои 2019-2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз ин шумора 64 адад беморхонаҳо, 118 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 86 адад марказҳои саломатӣ, 18 адад таваллудхонаҳо, 101 адад нуқтаҳои хатна ва 72 адад дорухонаҳо мебошанд.

Бино ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 2020 бояд, 123 адад иншооти соҳаи тандурустӣ , аз ҷумла 15 адад беморхонаҳо, 39 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 20 адад марказҳои саломатӣ, 5 адад таваллудхонаҳо, 13 адад нуқтаҳои хатна ва 31 адад дорухонаҳо бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими онҳо ба итмом расонида шавад.

"Дар нуҳ моҳи соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тамими 64 адад иншоотҳои тандурустӣ, аз ҷумла 10 адад беморхонаҳо, 16 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 14 адад марказҳои саломатӣ, 2 адад таваллудхона, 8 адад нуқтаҳои хатнаи кӯдакон ва 14 адад дорухонаҳо ба итмом расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ба муносибати истиқболи сазовори 30-солагии истиқлол корҳои ободонию созандагӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармим дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят идома дорад.

0
Барчаспҳо:
азнавсозӣ, таъмир, беморхона, Суғд