"Маро фиреб додӣ": зан ҳамсарашро дар мошин бо маъшуқааш дастгир кард (НАВОР)

1708
Зан дар байни кӯча ба ҳамсараш дарафтод ва ба сари мард чанд калтак ҳам зад. Дар ҳамин ҳол, кормандони полис маҷбур ҳам зан, ҳам ҳамсар ва ҳам маъшуқаро дастгир карданд

Полиси Чин зану ҳамсар ва маъшуқаеро боздошт кард.

Ҳарсе низ бо амри тақдир дар кӯча вохӯрданд: зан ҳамсарашро сари чанбараки мошин дид, ки дар бараш маъшуқааш менишаст.

Ӯ дар сари қаҳр ба болои "капот"-и мошин меҷаҳад.  Дар ҳоле ки мошин мерафт, ӯ додзанон ба оинаи худрав  мезанаду ба шавҳараш амр медод, ки "Зуд, фаро!".

Аммо шавҳар шояд аз тарси ҳамсар бошад,  мошинро нигоҳ надошт.

Дар охир шавҳар ночор худравро нигоҳ дошта, поён фаромад. Зан чанд маротиба ба сари ҳамсараш зад.

"Ту маро фиреб додӣ! Ваъда додӣ, ки хона мехарам, ҳоло бошад бо маъшуқаат сайру гашт мекунӣ!", — фарёд мезанад зан.

Роҳгузарон ҳам ба ин хархашаи хонавода ҳамроҳ шуданд, онҳо дари мошинро кушода, маъшуқаи мардро таҳқир кардан гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол кормандони полис расида, ҳарсеро ҳам боздошт карда, ба шӯъбаи полис бурданд.

1708
Барчаспҳо:
маъшуқа, зан, боздошт, Чин