"Kiki Do you love me": Юлдуз Усмонова баъди рақси ҷанҷолӣ рэпи англисӣ хонд

220
(Таҷдидшуда 13:25 08.08.2018)
Ин таронаро рэпсарои машҳури узбак Шаҳриёр бо Юлдуз Усмонова ҳамсароӣ кардааст

Юлдуз Усмонова ҳунарманди машҳури узбакистонӣ баъди рақси ҷанҷолӣ бо рэпсарои узбак Шаҳриёр таронаи "Kiki Do you love me"-и ҳунарманди амрикоӣ Дрейкро бозсароӣ кард.

Пештар Усмонова ба мунаққидони рақси шӯхаш посух дода буд. Вай гуфта буд, ӯ солҳои зиёд дар саҳна асту рақс мекунад ва рақс дар тарҳи флешмоби Kiki Challenge низ яке аз ҳамон ҳамон рақсҳост.

Ӯ ҳамчунин афзуда буд, шояд таронаи ""Kiki Do you love me"-ро  бозсароӣ кунад. Панҷуми август ин рэп дар иҷрои Усмонова ва Шаҳриёр дар Ютуб мунташир шуд.

Юлдуз Усмонова дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук хабар додааст, ки мақсад дорад ба ин суруд намоҳанг созад.

То имрӯз дар Ютуб "Kiki Do you love me"-ро бештар аз 1 миллион корбар тамошо кардаанд.

220
Барчаспҳо:
рақс, тарона, рэпсаро, Юлдуз Усмонова, Узбакистон

"Бадахшон": намоҳанги нави Меҳрнигор ба забони шуғнонӣ, ки пас аз сабт ӯ бемор шуд - видео

567
(Таҷдидшуда 13:35 26.05.2020)
Меҳрнигори Рустам сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон намоҳанги нави худро таҳти унвони "Бадахшон" пешкаши мухлисон кард

Овозхони номдори тоҷик Меҳрнигори Рустам намоҳанги нави худро дар шабакаи Youtube нашр кард. Матни суруд ба қалами рӯзноманигор Орзу Исоев тааллуқ дошта қисми аввали он ба забони шуғнонӣ иҷро шуда ва баъд ба забони тоҷикӣ идома мекунаду дар охир бо мадҳиясароӣ ва талаби шифо аз Худованд анҷом мепазирад.

Намоҳанг дар манзараҳои зебои Данғара ба навор гирифта шшудааст. Ин клипро сарояндаи ҷавон Некрӯз Ниёзов тамзим карда ва он таҳти мудирияти Сафаров Бахтовар омода шудааст.

Меҳрнигори Рустам барои омода карани ин намоҳанг ба сарояндаи машҳур писари маэстро Далер Назаров - Аброр Назаров изҳори сипос кардааст.

Пироҳанҳои пӯшидаи Меҳрнигор дар ин намоҳанг маҳсули дасти тарроҳони номӣ Хуршед Сатторов ва Нафиса Имронова мебошад. Дар намоҳанг гурӯҳи рақсии "Парасту" Меҳрнигорро ҳамроӣ мекунанд.

Меҳрнигор пештар дар барномаи "Ногуфтаҳо"-и Орзу Исоев дар бораи сабти ин намоҳангаш гуфт, авохири моҳи апрел барои сабти намоҳанг ба Данғара сафар карда буд ва пас аз як рӯз вазъи саломатиаш ногувор шуд.

"Маззаро эҳсос намекардам, беҳолӣ буд, овозам гирифт, биниям маҳкам шуд ҳарорат ҳам доштам", - гуфт Меҳрнигор ва афзуд, ки пизишкон ба ӯ ташхиси аллергия гузоштанд.

Меҳрнигор намоҳанги нави худро рӯзи 24 май дар остонаи Иди Фитр ҳамчун армуғон барои мухлисонаш пешкаш кард. То имрӯз ин намоҳангро беш аз 20 ҳазор кас боздид карда ва зиёда аз ҳазор ккорбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки барои ҷамоати исмоилии Бадахшон рӯзи 24 май рӯзи вижа аст.

Дар ин рӯз мардуми Бадахшони Тоҷикистон Рӯзи Нур ё дидорро таҷлил мекунанд. Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоъилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи Нур ё Дидор ҷашн мегиранд.

 

567
Барчаспҳо:
Бадахшон, намоҳанги нав, Меҳрнигори Рустам

Коронавирус чӣ бӯй дорад? Эрониҳо барои дарёфти беморони COVID-19 сагҳоро меомӯзанд- видео

746
(Таҷдидшуда 14:36 25.05.2020)
Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад. Барои тафсилоти бештар наворро бубинед

Кормандони маркази таълимии сагҳо дар Теҳрон месанҷанд, ки оё сагҳо COVID-19-ро ёфта метавонанд.

Дар таҷриба сагҳои зотҳо ва ҷинсҳои гуногун иштирок мекунанд - аз ин рӯ олимон мекӯшанд муайян кунанд, ки кадом ҳайвонҳо самараноктар кор мекунанд.

Ба гуфтаи мураббиён, чорпоён метавонанд 65% сироятро муайян кунанд. Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад.

Барои тафсилоти бештар наворро бубинед.

746
Барчаспҳо:
навор, саг, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Медсестра выполняет ряд двигательных упражнений на пациенте с COVID-19 в больнице

Омори як ҳафтаи Хуҷанд: "илтиҳоби шуш" на ба занҳо раҳм дораду на ба мардон

327
(Таҷдидшуда 14:21 26.05.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд мегуяд, аз муроҷиати сокинон собит мешавад, ки шумори сироятёбӣ ба “илтиҳоби шуш” миёни мардону занон баробар будааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби, Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд мегӯяд, аз омори муроҷиати сокинон дар як ҳафтаи охир бармеояд, ки ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар байни мардону занҳо баробар аст. Ин маризӣ на ба мардон раҳм мекунаду на ба занон тараҳҳум дорад.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 18 то 24 - уми май ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 94 муроҷиати сокинон ба аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 48 нафар занон ва 46 нафар мардон буданд, ки ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилое, ки ин Марказ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, тӯли ҳафт рӯз (аз 18 то 24) ба ҳисоби беш аз 170 мавриди баландшавии табъ , 680 нафар аз ду тарафи соҳили руди Сир дар шаҳри Хуҷанд ба аломати бемориҳои мухталиф аз ҷумлаи фишорбаландӣ, бемориҳои қалбӣ, шамолхурдагӣ ва маризии қанд ба унвони маркази ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов мегӯяд бар асоси муроҷиати сокинон, ҳоло суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба ду ҳафтаи пеш ба маротиб поён рафтааст.

"Рӯзҳои охири моҳи апрел ва аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон бо ҳолатҳои баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона ду ҳафтаи охир сапти ин қабил маризӣ то ба 14 –16 ҳолатӣ кам шудааст", - таъкид намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ дар гашту гузори хона ба хона, ки гуфта мешавад, ҳоло ҳама барои саломатӣ ба по хестаанд, ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо бо ин вуҷуд масъулин таъкид меварзанд, ки ҳоло набояд барои кафкӯбию хурсандӣ аз пирӯзии мутлақ бар маризии "илтиҳоби шуш" шитоб кард, зеро эҳтимол дорад мавҷи дуюм ё давраи дигари ин маризӣ шурӯъ шавад.

Табибон мегӯянд, барои пурра нобуд шудани "вируси корона" нақши сокинон ҳам муҳим аст ва масъулияти баланд дар ин кор барои ҳар як нафар боз ҳам риояи гигиенаи тиббӣ аст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов чанде қабл дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори муроҷиати сокинон дар рӯзҳои 11 ва 17 уми майро шарҳ дода гуфта буд, ки давоми ин як ҳафта ба сататсияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 339 даъват ё муроҷиати сокинон ба баландшавии ҳарорати бадан сабт шуда, маълум гардид, ки 196 нафар аз ин шумора бино бо сабаби хуруҷи бемории "илтиҳоби шуш" барои табобат ба бемористони клиникавии вилояти Суғд интиқол дода шуданд.

Бино ба иттилоъи сартабиб, Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

327
Барчаспҳо:
омор, беморӣ, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон