Худованд фарзандро бо ризқаш медиҳад: модари серфарзанд 80 тифлро тарбия кард (НАВОР)

189
Бештари фарзандон маъюб ҳастанд. Шавҳараш вафот кардааст ва тарбияи ин кӯдакон ба дӯши худаш мондааст, аммо ин модар боварӣ дорад, ки Худованд фарзандро бо ризқаш медиҳад

Татяна Сорокина — серфарзандтарин модари Русия аст. Ӯ 80 фарзандро тарбия кардааст. Аз онҳо, танҳо ду нафарашонро худаш таваллуд карда буд.

Татяна дар шаҳраки Рассвети вилояти Ростов зиндагӣ мекунад.

Дар навор дида мешавад, ки гирду атрофи ӯро кӯдакон иҳота кардаанд.

"Ман ҳеҷ гоҳ нақша надоштам, ки тифлеро фарзандхонӣ кунам.  Онҳо худашон назди ман меоянд. Ман фарзанди маъюб таваллуд кардам ва мехостам ӯро табобат кунам. Вақте ки фаҳмидам, ки табобатҳо бенатиҷаанд, ба хулоса омадам, ки дигар таваллуд накунам ва аз хонаи кӯдакон тифл гирам", — нақл мекунад зан.

Мо аввал духтаракеро фарзандхонӣ карда будем, сипас ду писараки дигарро гирифтем. Ҳамин тавр хонаи кӯдаконаи оилавӣ ташкил кардем.

Татяна бо шавҳараш солҳои 90-ум аллакай наздики 20 фарзанд доштанд.

Бештари тарбиятгирандагон маъюбанд. Онҳоро пештар касе фарзандхонӣ карда бошад ҳам, пас аз огоҳ шудан аз бемориаш ба хонаи кӯдакон бар гардонидааст. Татяна бо ҳамсараш бошад, махсус чунин кӯдаконро фарзандхонӣ кардааст.

Бештари онҳоро табобат кардем. Бархе онҳо мактабро хатм карда, соҳиби шаҳодатнома шудаанд, меафзояд вай.

Ҳоло дар ин хонавода 16 кӯдак тарбия мегирад ва ҳамаи онҳо якдигарро додару хоҳар медонанд.

Чанд сол пеш ҳамсари Татяна вафот кард. Аммо зан ба кӯмаки фарзандонаш аз ғами марги шавҳар раҳо шуд.

"Ман 46 набера ва 6 абера ҳам дорам", — мегӯяд бо ифтихор зан.

Онҳо хаҷагии худро ташкил кардаанд, ки дар он полиз доранду паррандапарварӣ мекунанд. Кӯдакон ба модар дар нигоҳубини паррандаҳову ҷамъоварии маҳсулоти полезӣ кӯмак мерасонанд. Касе ҷомашӯи мекунад ва касе масъули тозагӣ аст.

"Асосаш саломатӣ бошад. Ман ҳоло шикоят надорам, аммо кӣ медонад, ки фардо чӣ мешавад. Фарзандони калониам гуфтанд, ки агар бо ман ҳодисае рух диҳад, ягон нафари кӯдаконро пушти дар намекунанд. Худованд фарзандро бо ризқаш медиҳад", — боварӣ дорад Татяна.

189
Барчаспҳо:
тарбия, фарзанд, модар, Русия