Варзиши сабуки муҳоҷири тоҷик бидуни даст - наворе, ки ба китоби Гиннес "меарзад"

951
(Таҷдидшуда 17:02 13.08.2018)
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори аҷибе пайдо шуд, ки дар он як ҷавони тоҷик бо ду ангушт худро обутоб медиҳад: ӯ дар аввал бо панҷаҳо ва сипас умаман бе ширкати дастонаш худро боло ва поён мекунад

Ду муҳоҷири тоҷик, ки дар сохтмоне дар Русия кор мекарданд, навори аҷибе сабт кардаанд. Дар аввал ҳунареро нишон доданд, ки сазовори ворид шудан ба китоби Гиннес аст, аммо дар охир ҳилаи онҳо ошкор мешавад.

Дар навор дида мешавад, ки як ҷавони тоҷик дар варзиши сабук (шино дар рӯйи замин ё отжимание) ҳунари беназир нишон медиҳад: ҷавон бо ангуштонаш метавонад худро аз замин боло бардорад.

Аз вай хоҳиш мекунанд, ки ин ҳунарашро бо як панҷааш онро анҷом диҳад: ӯ иҷро мекунад. Дар охир ҷавон умуман бидуни даст боло ва поён мешавад.

Наворро метавон бо тааҷҷуб тамошо кард, аммо аз он ки дар навор фақат дастони ҷавон нишон дода мешавад, кас метавонад шубҳа кунад.

Дар охир дурбин пойҳои ӯро нишон медиҳад: ҷавонро нафари дигаре ба востаи тахта болову поён мекардааст.

Навор бо садои хандаи наворбардор ба анҷом мерасад.

951
Барчаспҳо:
китоби Гиннес, навор, варзиш, Тоҷикистон