Алӣ Банот - мусалмони миллионер пеш аз марг дороияшаро ба бечораҳо тақсим кард (НАВОР)

253
(Таҷдидшуда 16:37 17.08.2018)
Алӣ Банот, мусалмони миллионер пас аз он, ки пизишкон дар ҷисми вай бемории саратон пайдо карданд пул, мошин ва либоси гаронарзишашро ба бечораҳо тақсим кард

Ин марди мусалмон аз бемории саратон вафот кард. Аммо  пеш аз марг тамоми дороияшро ба бенавоён тақсим карда, дар наворе охирон пайғомашро сабт кард.

"Худоро шукр, ки Аллоҳ ба ман бемории саратонро бахшид. Аз он вақт тамоми ҳаёти худро тағйир додам, то ба одамон кӯмак кунам", — мегӯяд ҷавон бо чашмони пур аз об.

Дар навор дида мешавад, ки ӯ ба одамон бастаи пул ва ба кӯдакон нон тақсим мекунад.

 

Miss u brother…. #alibanat❤️ #alibanatstory

Публикация от ali banat (@ali_banat_inspirational_soul) 8 Авг 2018 в 12:33 PDT

 

Алӣ Банат бисёр марди доро буд. Пас аз ташхиси даҳшатвори худ огаҳӣ ёфтан, ӯ метавонист пулҳои худро барои вақтхушкунӣ ё табобат сарф кунад, аммоАлӣ ҳаёти мондаашро барои кӯмак ба мардум сарф кард.

Вай бемории табобатнашавандаи худро доди Худо медонист. 

"Саратон — доди Худованд аст. Брои он, ки Худованд ба ман имкон дод, ки тағйир ёбам. Ман аз мошин, либос ва соатҳои гаронбаҳоям халос шудам. Хостам ин ҷаҳонро бидуни дороӣ тарк кунам", — мегӯяд вай дар навор.

Вақте ки ба вай пизишкон гуфтанд, ки аз умраш 7 моҳи дигар боқӣ монд, вай ба хулоса омад, ки ҳаёти боқимондаашро ба накӯкорӣ мебахшад. Ӯ бунёди хайрияе бо номи Muslims Around the World ташкил карда, барои кӯмак ба мардум ба Африқо рафт.

 

 

Бунёди Алӣ дар кишварҳои гуногун мактаб ва табобатхона ва масҷид бунёд мекард. Ӯ ба ҳазорҳо камбағал аз 100 кишвар кӯмак расонд.

"Кӯшиш кунед, ки дар назди худ мақсад гузоред, нақша тартиб дода, аз рӯйи он кор кунед", — маслиҳат медиҳад Алӣ ба тамошобинони навор.

Бар хилофи ташхиси табибон, Алӣ бештар аз 3 сол бо бемории саратон мубориза бурд.

"Ту аз ҳаёт танҳо меравӣ. На падар, на модар ва на хоҳар ва на бародаратро бо худ бурда наметавонӣ. Танҳо корҳои некат боқӣ мемонанд. Ҳатто пулҳои ту барбод мераванд. Ҳар чизе ки мемонад — ин амалҳои неки ту аст", — мегӯяд вай дар наворе, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш сабт шудааст.

Алӣ Банот дар соли 1982 дар Австралия таваллуд шудаст. Вай моҳи майи соли 2018 дар синни 36-солагӣ аз бемории саратон фавот кард.

Ба гуфтаи дӯстонаш, рамзист, ки Алӣ дар моҳи Рамазон вафот кард. Дар Сидней ба маросими видоъ бо Алӣ  ҳазорон нафар барои эҳтироми корҳои неки анҷомдодаи ӯ ҷамъ омадаанд.

253
Барчаспҳо:
миллионер, навор, саратон, кӯмак, Дар ҷаҳон

Сӯхтори бузург дар маъдани тилло дар Қирғизистон - навор

173
(Таҷдидшуда 18:22 19.10.2020)
Дар интернет навори шоҳидон аз оташсӯзии шадид дар маъдани тилло дар ҷумҳурии Қирғизистон нашр шудааст

Ҳодиса субҳи душанбе дар кони Иштамбердӣ, дар дар ноҳияи Алабуки вилояти Ҷалилобод рух додааст.

Бино бар иттилои раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳия, маълумот дар бораи сӯхтор ба навбатдор соати 10:15 расидааст. Сӯхтор дар биное сар задааст, ки ба ширкати Full Gold Mining тааллуқ дорад.

Барои бартараф кардани сӯхтор ду воҳидҳои сӯхторхомӯшкунӣ ирсол гардид.

Бино бар иттилои пешакӣ оташсӯзӣ дар натиҷаи корҳои кафшергарӣ сар задааст.

Шоҳидон дар Фейсбук навори сӯхтори мудҳишро нашр кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, оташ аз қисми истеҳсолии маҷмаа, ки дар он сианид истифода мешавад, забона задааст. Раёсати ВКД ин маълумотҳоро рад мекунад.

173

Кӯдакони пуристеъдод: навори пурраи давраи 5-уми "Ты супер!"

139
Шоми якшанбе дар телевизиони НТВ-и Русия тамошобинонро вохӯрӣ бо озмуни мусиқии "Ту беҳтаринӣ!" интизор буд

Истеъдодҳои ҷавон ҳунари худро ба ҳакамон ва тамошобинон пешниҳод карданд. Ин аллакай фасли чоруми озмуни мусиқӣ аст.

Дар саҳнаи мусиқӣ имсол овозхонҳои нав ва иштирокдорони давраҳои гузаштаи барномаи "Ту беҳтаринӣ!" иштирок мекунанд.

18 октябр давраи 5-уми фасли феълӣ баргузор мешавад.

Дар озмун кӯдакони пуристеъдод аз ИДМ, ки бе падар ё модар монданд, иштирок мекунанд.

"Ты супер!" — лоиҳаи байналмилали мусиқии телевизиони НТВ ва оҷонсии байналмилалӣ ва радиои  Sputnik мебошад.

139
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Кӣ донотар: оғози даври шаҳрии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар Душанбе

0
Дар шаҳри душанбе аз 20 то 23 октябр даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" доир мегардад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Имрӯз бо ибтикори мақомоти шаҳри Душанбе дар "Маркази кӯдакону наврасон"-и пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" оғоз гардид.

Озмуни мазкур то 23 октябри соли равон  идома меёбад. 

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбехабар доданд.

"Дар рӯзи аввали даври шаҳрии озмун 32 нафар довталабон аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи номинатсияҳои "Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик",  "Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик", "Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик", "Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон" ва номинатсияи "шоирӣ" байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ менамоянд",-афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар даври ноҳиявии озмуни мазкур довталабони зиёд ширкат карда, 170 нафар беҳтаринҳо  ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд.

Ғолибони озмун бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" мегарданд.

Духтараки панҷакентие, ки Раҳмонро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт, Шоҳҷоиза гирифт

Ёдовар мешавем, ки Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо Амри президенти Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 миёни тарбиятгирандагону хонандагони макотиб ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор мешавад.

Ин озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ гузаронида мешавад.

0
Барчаспҳо:
даври дуюм, озмун, Душанбе