Навори шармсоркунии зани муттаҳам ба дуздӣ

613
(Таҷдидшуда 19:11 17.08.2018)
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он занеро як гурӯҳ фурӯшандагон "ҷазо" медиҳанд. Онҳо мехоҳанд либосҳои занро, ки ба дуздӣ муттаҳам мешуд, дар назди омма кашанд

Ҳодиса дар вилояти Андиҷони Узбакистон рух додааст: як гурӯҳ одамон ба зане, ки ба дуздӣ муттаҳам мешуд, дармеафтанд. Онҳо бо хотири шамсор кардани вай мехоҳанд либосҳои ӯро бадар кунанд, аммо зан роҳи наҷоти худро пайдо мекунад.

Тавре дида мешавад, ҳама ҳуҷумкунандагон  занон будаанд. Мардҳо дар як ҷониб истода, ҳодисаи нанговарро тамошо мекарданд.

Бино бар маълумоти пешакӣ, зан аз бозор чизеро дуздидаасту фурӯшандагон хабардор шудаанд. Онҳо бо ҷанҷол ором нагирифта, мехоҳанд занро урён кунанд. Аммо вай худро ба ҷӯйбор мепартояд ва ҷони худро халос мекунад.

Дар навор дида мешавад, ки ба ҳамлагарон даст медиҳад, ки  пироҳани зани муттаҳамро кашанд. Зан дар ҷӯйбор зуд шино карда, аз ҷойи ҳодиса мегурезад.

Тибқи маълумоти пешакӣ заноне, ки худсарона хостанд дуздро муҷозот кунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Иттиҳомоти дуздии ҷабрдида тафтиш мешавад.

613
Барчаспҳо:
дуздӣ, зан, Узбакистон

Лавров Ғарбро барои истифодаи пандемияи коронавирус бо мақсадҳои худ интиқод кард - навор

196
(Таҷдидшуда 01:13 30.05.2020)
Ба гуфтаи Сергей Лавров, кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд аз вазъ истифода баранд, то ки кишварҳои ба худ номувофиқро ҷазо диҳанд

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров муносибати кишварҳои Ғарбро ба пандемияи коронавирус маҳкум кард.

Тавре вазири корҳои хориҷӣ дар мақолае барои рӯзномаи чинии Global Times навишт, онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ин вазъ истифода баранд, то ҳукуматҳоеро, ки ба ӯ беэътиноӣ мекунанд, ҷазо диҳанд ва ба кишварҳои ба эпидемия гирифторшуда гирифтани кӯмаки башардӯстона аз Русияро манъ кунанд.

Дар айни замон, худи Ғарб барои шитоб накардани принсипҳои гуманизм дар масъалаи мубориза бо COVID-19 шитоб намекунад. Дар видеои мо дар бораи стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ бештар хонед.  

196
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Русия, ИМА, нав

Хуросоне, ки ғарқи об шуд: навори кӯмак ба сокинони ҷабрдидаи ноҳия

367
Наҷотдиҳандагон то ҳол оқибатҳои сел дар Хуросонро бартараф мекунанд. Мақомот ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба сокинони ҷабрдида дасти ёрӣ дароз кардаанд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори вазъ дар Хуросон баъди як ҳафтаи омадани сели калон дар ноҳия пайдо шуд.

Дар наворе, ки аз баландӣ гирифтаанд, дида мешавад, ки садҳо манзили сокинон то ҳол зери об мондааст.
Дарахтон, биноҳо ва манзилҳо ҳама зери лойқаанд.

Наҷотдиҳандагон то ҳол оқибатҳои сел дар ноҳияро бартараф мекунанд.  Бештар аз 260 хона дар ноҳия пурра корношоям шудаанд. 

Сокинон дар навор нақл мекунанд, ки аз ҷониби мақомот ба онҳо кӯмак мерасад.

Хаймаҳои муваққатӣ рост карда шуда, озуқаворӣ - орд, равған, гӯшт, оби ошомиданӣ,  либос, дору ва дигар лавозимоти эҳтиёҷи аввал дастрас карда мешаванд.

Раиси Хатлон ба мардуми Хуросон барои тақсимоти одилонаи кумакҳо ваъда дод

Пештар барои сокинон қитъаи замин низ тақсим карда шуда буд. Афзун бар ин, ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ низ дастрас карда мешавад.

367
Пробирка с кровью анализа на антитела к коронавирусу COVID-19

"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

0
Агентии тандурустӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагони Русия (Роспотребнадзор) мегӯяд, мавҷи дуюми COVID - 19 дар баробари зуком дар тирамоҳ пайдо мешавад ва ҷиддитар идома хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова зимни як барнома дар шабакаи "Россия - 1" аз бурузи мавҷи дуюми коронавирус ва зуком хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ тирамоҳи имсол мавҷи дуюми ин маризӣ бо омезиши ҳаргуна маризиҳои роҳи нафас ва ҳамзамон зуком шадидтар ҷараён мегирад.

"Ба фикри мо, яке аз сенарияҳои эҳтимолӣ ин аст, ки мавҷи дуюми коронавирус дар тирамоҳ, вақте ки сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ меафзояд, рух медиҳад. Эҳтимол дорад, ки коронавирус дар тирамоҳ зиёд мешавад ва ин моро ба ташвиш меорад", - афзудааст Попова.

Ӯ мегӯяд, "маҳз эҳтимолияти  шадидтар шудани вазъият моро водор мекунад, то зудтар ба истеҳсоли ваксин муваффақ шавем".

“Далелҳое мавҷуданд, ки ҳарду вирус, яъне COVID - 19 ва зуком ба якборагӣ дар як бемор пайдо шаванд. Ин як вазъияти хеле душвор аст. Аз ин рӯ, мо аллакай дар фикри он ҳастем, ки чӣ гуна шаҳрвандонамонро дар тирамоҳ ҳимоя кунем".

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Зимнан, Попова дар посух ба суоли он ки оё ваксин инсонро аз сироятшавӣ ба COVID- 19 комилан эъмин нигоҳ медорад, чунин посух дод, ки ваксин хатари ҷараёни вазнинро, ки мо дар тирамоҳ интизор ҳастем, ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

0
Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, тирамоҳ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон