Сабр кунӣ аз ғӯра ҳалво мепазад: муколамаи тоҷикиву узбекии Раҳмон ва Мирзиёев (НАВОР)

265
(Таҷдидшуда 16:59 18.08.2018)
Аввалин мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон дар фурудгоҳи Тошканд сурат гирифт. Президентон ҳамдигарро ба оғӯш кашида, сӯҳбати самимие карданд

Дар фурудгоҳ  сарони Тоҷикистону Узбакистон бо забони тоҷикиву узбекӣ ва русӣ аҳволпурсӣ карда, бо ҳамдигар каме сӯҳбат доштанд.

Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон навори пешвози раисҷумҳурро дар Узбакистон мунташир кардааст.

Дар он дида мешавад, ки президент Мирзиёев раисҷумҳур Раҳмонро дар назди зинапояи ҳавопаймо пешвоз мегирад.

Онҳо "ассаалому алейкум" гӯён аҳволпурсӣ мекунанд, Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон, "Худро шукр, ки Шумо омадед", мегӯяд ва дар посух раисҷумҳури Тоҷикистон "як ҷаҳон ташаккур" мегӯяд.

Онҳо сӯҳбатро идома медиҳанд ва аз дидори ҳамдигар изҳори хушнудӣ мекунанд ва раисҷумҳури Узбакистон мегӯяд, "Худованд сабру тоқат дод".

Дар посух раисҷумҳури Тоҷикистон зарбулмасали "Сабр кунӣ аз ғӯра ҳалво мепазад"-ро ёдрас мешавад.

Раисҷумҳурон бо изҳори хушнудӣ якдигарро ба оғӯш мегиранд ва ҷониби кӯдаконе мераванд, ки бо забони тоҷикиву узбекӣ шеърхонӣ мекунанд.

Аз ду ҷониб садои пешвозгирандагон, ки бо забони тоҷикиву узбекӣ "Хуш омадед!" мегуфтанд, садо медиҳад.

265
Барчаспҳо:
мулоқот, Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Узбакистон, Тошканд, Тоҷикистон