Мирзиёев аз хушнудии узбекон аз дидори Раҳмон ва мушкилиҳое, ки аллакай нест (НАВОР)

Обуна шудан
Шавкат Мирзиёев гуфт, ки ҳангоми пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон дар чашмони мардумаш шодиву хурсандиро эҳсос кард

"Мо рӯзҳои гуногунро паси сар кардем, ҳам рӯзҳои хуш буданд ва ҳам нофаҳмиҳо буданд. Аммо соли 2018 барои мо муҳим буд. Ин рӯз дар торихи Тоҷикистону Узбакистон бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад. Мо хостаҳои гузаштагони бузургамонро иҷро кардем", — гуфт Мирзиёев.

Раисҷумҳур ёдрас шуд, ки байни Тоҷикистону Узбакистон мушкилие намондааст.

"Ман имрӯз дар чашми одамоне, ки Эмомалӣ Шариповичро пешвоз мегирифтанд, хурсандӣ дидам. Одамон худ ин рӯзҳоро мехостанд. Ба мо савол доданд, ки оё ягон масъалаи дигаре байни Тоҷикистону Узбакистон мондааст. Посухи мо: ягон мушкилие намондааст, ки мо ҳал накарда бошем. Дар торих ягон кишвареро гуфта метавонед, ки дар якуним сол мушкилии бистсоларо ҳал кард бошад?", — таъкид кардааст Шавкат Мирзиёев.

Дар навор дида мешавад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвози узбекистониёнро бисёр самимиву гарм номида, изҳори миннатдорӣ мекунад. 

"Бисёр қабули гарм. Дар 27 сол ин аввалин сафари давлатии ман аст, ки бо чунин пазироии гарм сурат гирифта бошад. Мо аз шумо миннатдорем ва бори дигар изҳори сипос мекунам", — гуфт кишвардори Тоҷикистон.

Тавзеҳоти бештарро аз навори Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

Лентаи хабарҳо
0