Тундбоди шадид дар Макка зоиринро зер кард (ВИДЕО)

Обуна шудан
Тундбоди шадид бошишгоҳи зоиринро дар шаҳри Макка зер кардааст

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Навори тундбоди хокӣ, ки шоми гузашта водии Минои шаҳри Маккаро фаро гирифтааст, дар интернет нашр шуд.

Дар навор мушоҳида мешавад, ки боди шадид дар Мино боиси сарсонии зоирин ва пароканда шудани ашёҳо гардидааст.

Имрӯз низ дар шаҳри Макка ҳавои номусоид дар назар буда, тундбод метавонад  ҳангоми ҳузури зоирин дар куҳи Арафот сар занад.

Масъулин изҳор доштаанд, ки ҳавои номусоид ба амнияти зоирин таъсире надорад.

Лентаи хабарҳо
0