Қувваозмоии устоҳои барқи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ

72
(Таҷдидшуда 21:43 13.09.2018)
Дастаи барқкорҳои панҷ кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар таъмиру нигоҳдории ноқилҳои қувваи барқ сабқат мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар ҳошияи ХV-умин мусобиқаи байналмилалии маҳорати касбии кормандони соҳаи барқи кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Брести Белорус ҷараён дорад, барқкорҳои Тоҷикистон малакаи худро такмил дода истодаанд.

Тибқи навори  тамрини дастаи Тоҷикистон устои барқ дар дохили аробаи овезон тавассути ноқили дорои шиддати 330 000 волт ҳаракат карда, таъмирро анҷом медиҳад.

Мусобиқаи байналмилалии устоҳои барқ аз Тоҷикистон, Русия, Белорусия, Қазоқистон ва Узбакистон дар таъмири ноқилҳои баландшиддат аз 11 то 22 сентябр баргузор мегардад.

Мусобиқа аз 7 давр иборат буда, дар он иштироккунандагон маҳорат ва малакаи худро вобаста ба насб, таъмири ноқилҳои барқ, ёрии аввалини тиббӣ ва донишҳои назариявӣ месанҷанд. 

72
Барчаспҳо:
мусобиқаи байналмилалӣ, барқкор, усто, барқ, Русия-Тоҷикистон-ИДМ