Талоши Раҳмонов дар "ТНТ" барои шикасти фикри шахшудаи русҳо дар бораи тоҷикон (НАВОР)

Обуна шудан
Хайём Раҳмонов, ҷавони 21-сола аз шаҳри Душанбе бо шӯхиҳояш дар бораи боварҳои шахшудаи мардуми Русия дар мавриди тоҷикон, даҳҳо ҳазор тамошобинро дар Ватану хориҷ аз он тасхир кард

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раҳмонов ахиран дар барномаи ҳаҷвии "Открытий микрофон", мавсими сеюм, нашри дуюм дар шабакаи "ТНТ" ҳунарнамоӣ карда, изҳор дошт, ки 4 сол боз дар Русия аст ва аз "стериотип"-ҳо дар бораи тоҷикон гиламанд шуд. Ҳунарнамоии ин ҷавони тоҷикро, ки дар шаҳри Санкт Петербург таҳсил кардааст, ҳамватанони зиёд писандиданд ва дар шабакаҳои интернетӣ бознашр намуданд.

Глава комитета по культуре региональной общественной организации НУР Аслишо Акимбеков - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати ошкорои Аслишо: Аз кӯдакӣ, шуҳрат, муҳоҷират ва ишқ то камбудии тӯйҳо

Ҷавони тоҷик дар барнома гуфт, русҳоро бо майзадаҳо рабт медиҳанд ва ин безарар аст, ин мардум метавонанд баҳузур май нӯшида истироҳатро давом диҳанд. Аммо ӯ, ки мутахассису мударриси барномасозӣ аст, аз он ки русиягиҳо тоҷиконро танҳо таъмиргару кӯчарӯбу сохтмончӣ мепиндоранд, зиён мебинад.

Раҳмонов афзуд, як сол боз наметавонад, шогирд пайдо кунаду барномасозиро таълим диҳад. Мегӯяд, дар Русия бовар намекунанд, ки ӯ барномасоз асту ҳар боре аз ин соҳа суҳбат мекунад, мепурсанд, ки ин калимаҳои мушкилро аз куҷо ёд гирифтааст.

Ӯ тайи барнома инчунин дар бораи ҳаёташ дар хобгоҳ, баҳогирӣ, "шпател"-и туҳфакардаи дӯстон дар зодрӯз ҳазл карду доварону тамошобинонро тасхир намуд.

Певица Манижа на концерте в Колонном зале дома союзов - Sputnik Тоҷикистон
Насиҳату "макияж" - шӯии Манижа дар саҳнаи Маскав: ҳунарнамоии сермухлиси овозхони тоҷик

Хайём Раҳмонов дар охири баромадаш гуфт, мо тоҷикон барои ғасби Русия омадем, аммо чун ифлосиҳои зиёде дидем, тасмим гирифтем, нахуст ин ҷоро ба тартиб орем ва дар хитоб ба тамошобинон афзуд, ки омода бошед, ба зудӣ охирзамони тоҷикӣ фаро мерасад.

"Открытий микрофон" барномаи нави шабакаи "ТНТ" мебошад, ки барои дарёфти истеъдодҳои нав роҳандозӣ шудааст. Доварон, ҳаҷвнигорони шинохта — Руслан Белий, Юлия Ахмедова, Тимур Каргинов  ва Слава Комиссаренко барои худ аз ҳисоби иштирокдорон тим интихоб мекунанд ва давоми лоиҳа онҳоро роҳнамоӣ мекунанд.

Ҷоизаи асосӣ аз он иборат аст, ки ғолибони барнома ба ҳайати асосии барномаи "Stand Up" — и шабакаи "ТНТ" пазируфта мешаванд.

Доварон ҳушмандию закӣ будани Хайём Раҳмоновро тавсиф карда, изҳори умед намуданд, ки дар симои ӯ ҳаҷвнигоре аз Тоҷикистон вориди ин бахши ҳунар дар Русия мешавад.

Лентаи хабарҳо
0