Навори шоҳидон аз сӯхтор дар назди ошхонаи Citir Usta дар Душанбе

Обуна шудан
Бино дар назди Театри опера ва балет ҷойгир шуда, дар он манзил ошхонаи Citir Usta низ ҷойгир шудааст. Ҳодиса рӯзи гузашта рух дода, ҳоло оташсӯзӣ пурра хомӯш карда шудааст

Дар интернет наворе пайдо гардид, ки дар он даромадгоҳи яке аз биноҳои пойтахт месӯзад. Тавре шоҳидон гуфтаанд, ин манзил дар назди Театри опера ва балет ҷойир шудааст. Сӯхтор дар  долони манзиле сар задаст, ки дар бари он ресторани Citir Usta ҷойгир шудааст.

Дар навор дида мешавад, ки аз долони яке аз хонаҳои ошёнаи дуюум дуди сиёҳ берун мешавад. Дар атроф одамони зиёде ҷамъ омада, ҳодисаро ба навор мегиранд.

Ба он нигоҳ накарда, ки сӯхтор аллакай масоҳати калонеро дарбар гирифтааст, оташнишинон ба назар намерасанд.

Ин дар ҳолест, ки моҳҳои охир дар Душанбе чанд ошхона ва маркази савдо сӯхт. Пештар ресторанҳои "Мерве", "Роҳат", бозори "Султони Кабир" ва "Корвон" оташ гирфта буданд.

Лентаи хабарҳо
0