(1:16 / 8.69Mb / просмотров видео: 12002)

ФСБ навори боздошти ҷангиёни ДОИШ-ро дар Маскав мунташир кард

623
Хадамоти федералии амнияти Русия дар Маскав ҷангиёни ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия)-ро , ки мехостанд дар шаҳр амалиёти терористӣ анҷом диҳанд, боздошт кард.

ФСБ Русия навореро мунташир кард, ки дар он хадамот шаш узви гурӯҳи терористиро дастгир кардааст.

Дар он дида мешавад, ки яке аз боздоштшудагон ба девор парчами ДОИШ-ро мечаспонад ва ба рӯяш ниқоб мепӯшад.

Аз муттаҳамон чанд силоҳ, тир, ҳисоботҳо дар бораи омодагӣ ба теракт ва маблағ пайдо карданд.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, онҳоро хоҷагонашон аз Сурия  идора мекарданд.

623