Ҳамаро қоил кард: ҳунари нави президент - штангбардорӣ (ВИДЕО)

1442
(Таҷдидшуда 12:55 03.11.2018)
Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов ҳунари нави худро намоиш дод: ӯ дастаи штанги тиллиеро бардошта, ҳамаро қоил кард

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дар он президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов дар маҷлиси Кабинаи вазирон ҳунари нави худро наоиш медиҳад. Ӯ дастаи тиллоии штангро мебардорад. Ҳозирон аз ин ҳунари вай қоил шуда, ҳама қарсак мезананд.

Маҷлис ба омодагии чемпионати вазнбардории ҷаҳон бахшида шуда буд. Гуфта мешавад нишасти мазкур дар Туркманистон аз 1 то 10 ноябр идома хоҳад кард.

Имсол чемпионати вазнбардорӣ дар Туркманистон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, солҳои гузашта Туркманистон дар баргузор кардани мусобиқаҳои байналмилалӣ муваффақ буд.

Ёдрас мешавем, ин бори аввал нест, ки раисҷумури Туркманистон ҳунарҳои худро намоиш медиҳад. Чунончи ӯ пештар маълум гашт, ки ӯ китоб менависад ва суруд сабт мекунад. Бердимуҳаммедов ҳатто реп сароида буд.

1442