Намоиши либосҳои тарроҳи тоҷик дар Azerbaijan Fashion Week

Обуна шудан
Тарроҳони тоҷик Хуршед Сатторов дар ҳафтаи муд дар Озарбойҷон либосҳои офаридаи навашро ба намоиш гузоштааст

Ба гуфтаи Хуршед Сатторов ҳоло либосҳое, ки дар онҳо нақшу нигори миллӣ бо шеваи муосир истифода шудаанд муд мебошанд.  

Гурӯҳи наворбардорони Sputnik Озарбойҷон ба showroom  Azerbaijan Fashion Week рафтанд. Дар ҳафтаи муди Озарбойҷон тарроҳони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Гурҷистон ширкат намуданд.

Тарроҳи машҳури тоҷик Хуршед Сатторов ба Озорбойҷон либосҳои офаридаи навашро барои намоиш овардааст.

Тарроҳи тоҷик бар он аст, ки ҳоло либосҳое, ки дар онҷо нақшу нигори миллӣ бо шеваи муоссир истифода шудааст муд аст.

Azerbaijan Fashion Week дар як сол ду маротиба, дар моҳи май ва ноябр  баргузор мешавад. Аммо имсол ташкилкунандагон вақти намоишро иваз намуданд.

Намоиши либосҳои тарроҳони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Гурҷистон рӯзи 3 ноябри соли равон анҷом ёфт.

Лентаи хабарҳо
0