Бобо бо асояш раққосаҳои "фаҳш"-ро аз тӯй пеш кард (ВИДЕО)

2203
Дар Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе давр мезанад, ки дар он пирамарде бо асо ҷуфти раққосаҳоро, ки саргарми рақси шӯх буданд, пеш мекунад

Рухдод дар Қирғизистон дар рафти тӯйи ду ҷавон сурат гирифтааст. Ҷуфти ҷавоне саргарми рақсу шӯхӣ дар саҳна буданд, ки пирамард бо асояш ба ҷониби онҳо шитофта, пеш мекунад.

Ба гуфтаи корбарон, бобо рақси фаҳши ду ҷавон ва ҳаракатҳои ноҷои онҳоро дар саҳна дида, ба ғазаб омадааст.

Ӯ ба назди духтар ва ҷавон рафта,бо асояш ба онҳо таҳдид мекунад. Ҷавонон аввал кӯшиш мекунанд, ки худро ҳимоя кунанд, аммо сипас рӯ ба гурез мениҳанд.

Бисёре аз ҷавонон - корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин амали пирамардро дастгирӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар саҳна ва назди ҷамъият ҷавонон бояд фурӯтаниро пеша кунанд.

2203