Путин: мо аз доллар намегурезем, доллар аз мо мегурезад - Навор

Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар форуми ВТБ Капитал гуфт, ки вазъи доллар дар Русия чигуна аст ва ноустувории ҳисоббаробаркунӣ дар асъори амрикоӣ метавонад бо кадом шева анҷом ёбад

Дар форуми ҳамасолаи сармоягузории ВТБ Капитал "Россия зовет!" президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки кишвараш кӯшиши даст кашидан аз истифодаи долларро накардааст.

Раисҷумҳур дар ин маврид ҳазле карда, ҳозиронро хандонидааст, ки "Русия аз доллар намегурезад, ин доллар аз Русия мегурезад".

Дар ҳамин ҳол, Путин изҳор дошт, ки ноустуворӣ дар ҳисоббаробаркунии асъори амрикоӣ бештари иқтисодҳои ҷаҳонро водор мекунад, ки қарори дахлдор қабул кунанд ва новобаста аз доллар низоми ҳисоббаробаркуниҳои худро ташкил диҳанд.

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки Русия маҷбур аст, ки аз доллар даст кашад, аммо ин корро бояд якбора ва ба зарари кишвари худ анҷом надод.

Пештар раиси бонки ВТБ Андрей Костин нақшаи даст кашидан аз долларро тарҳрезӣ карда буд. Вай пешниҳод кард, ки ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо дигар кишварҳо ба ҷойи доллар аз евро, юан ё рубл истифода кунанд.

Лентаи хабарҳо
0