Дедушка помог достроить школу

Марди сахӣ: бобои Ҳоҷӣ гову буққаашро фурӯхта, мактаби деҳаро таъмир кард

344
Ҳоҷидодарбек Халилов, як сокини бознишастаи шаҳри Турсунзода ахирон маблағашро барои кӯмак дар таъмини мактаб сарф кард

"Ба хулоса омадам, ки говамро мефурӯшам - танҳо бо ҳамин роҳ метавонистам барои ба анҷом расонидани таъмири мактаб кӯмак расонам", - мегӯяд бобо.

Бобои Ҳоҷӣ аввал барзговашро фурӯхтааст, аммо маблағ нарасидааст, сипас ӯ говашро ҳам мефурӯшад.

Мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошт: дар синфхонаҳо ҳатто дару тиреза набуд. Ба ин маблағ Ҳоҷидодарбек дару тиреза мехарад. Ӯ шахсан ба устохонаҳо рафта, фармоиш медиҳад.

"Ду сол буд, ки таъмири мактабро ба анҷом расонида наметавонистанд, барои ҳамин хостам кӯмаки ман ҳам расад", - меафзояд вай.

Ҳоҷидодарбек Халилов барои ин кори хайраш 10 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.

"Кӯшиш кардам, ки кӯдакон ҳарчӣ зудтар ба таҳсил шурӯъ  кунанд", - мегӯяд бобо.

344