Бӯзина ҳам дар марги фарзанд сӯг мегирад - Навор

984
Дар Боғи миллии Ҳиндустон зани сайёҳе саҳнаи фоҷиабореро ба навор гирифт - бӯзинае бо марги фарзанд даст ба гиребон мешуд. Ӯ эътироф кардан намехост, ки тифлаш зинда нест

Ин новори ҳузнангез ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар он дида мешавад, ки модар кӯшиши сина макондани кӯдакашро мекунад.

Тавре зани сайёҳ мегӯяд, бӯзина мефаҳмид, ки фарзандаш мурдааст, аммо тан намедод.

Дар ҳамин ҳол, бӯзинаи дигаре пайдо мешавад ва модару тифлро ба оғӯш мегирад - гӯё тасалло медода бошад.

"Ҳангоми ба навор гирифтан, гиря мекардам. Барои ҳар модар таҳаммул кардани марги фарзанд амрест маҳол. Ин навор далели он аст, ки ҳайвонот низ мисли одамон ҳиссиёту эҳсосот доранд", - менависад муаллифи навор.

Тавре расонаҳои Ҳиндустон навиштаанд, сабаби марги кӯдак ҳавои беноҳоят гарми кишвар будааст.

984