Навор - ҳавопайморо ҳангоми нишаст бод бурд

358
Ҳавопаймои ширкати British Airways бо далели вазиши боди сахт натавонист дар фурудгоҳи Лондон фуруд ояд. Навори ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт

Дар навор дида мешавад, ки пилотҳо қариб ҳавопайморо фуруд оварда буданд, аммо аз сабаби вазиши шамоли сахт ҳавопаймо аз замин дубора боло шуд.

Охири ҳафта дар Бритониёи Кабир тӯфони Эрик сар зад. Бино бар пешбинии ҳавошиносон, ин тундбод дар як сони то 31 метр мерасад.

358