Бозгашт аз ҷанги Афғонистон баъди 30 сол ё чигуна Геннадий Некмамад шуд (НАВОР)

2645
(Таҷдидшуда 17:49 04.08.2018)
Ӯ дар 20-солагӣ ба Афғонистон рафт ва танҳо баъди гузашти 30 сол ба Ватан баргшат. Навор аз зиндагии як мард, ки дар ҷанги Афғонистон ба муҷоҳидон асир афтод

Геннадий Севма сокини шаҳри Торезаи вилояти Донетск буд. Ӯ дар 20-солагӣ барои ширкат дар ҷанг ба Афғонистон рафт.

"Ба назарам гӯё ҳамааш рӯзи гузашта буд. Ҷанг аз пеши назар намеравад", — мегӯяд вай.

Дар Афғонистон низомии шӯравиро муҷоҳидон ва асирӣ гирифтанд. Ӯ 30 сол дар ғарибӣ монд. Геннадий исломро қабул кард, номашро ба Некмамад иваз кард ва оиладор шуда, соҳиби ду фарзанд гашт.

Дар навор дида мешавад, ки зиндагии Геннадий дар Афғонистон ба асирӣ шабоҳате надошт. Онҳо бо ҳамсар ва фарзандонаш зиндагии оддие доштанд.

"Дар Афғонистон одатан занонро латукӯб мекунанд, аммо дар мо ин хел нест",- нақл мекунад ҳамсараш Ҳаво.

Ба гуфтаи зан, ӯро ҳамсоягон бегона медонанд.

Геннадий мегӯяд дар Афғонистон боре ҳам ба даст яроқ нагирифт ва ҷанг накард Дар ҳоле ки ӯро доим ба ин кор ташвиқ мекарданд.

Дар ин солиёни дароз мард ватанашро ёд мекард, аммо аз бозгашт тарсид, фикр мекард, ки наздикона ӯро хоини ватан медонанд. Ниҳоят ӯ баргашт.

"Ҳам ба ватан ва ҳам ба оилаам дилам месӯзад", — мегӯяд Геннадий. Дар навор лааҳзаҳои ҳассос нишон дода мешавад: хонуми Некмамад бо  гиря ҳамсарашро ба ватанаш гусел мекунаду Геннадиробаъди 30 сол  дар ватанаш наздиконаш бо дидаи пуроб пешвоз мегиранд.

2645
Барчаспҳо:
навор, ҷанг, Дар ҷаҳон