"Хиёнати Елсин тақдири Афғонистонро тағйир дод" - Навор

522
Агар хиёнати собиқ раисҷумҳури Русия Борис Елсин намешуд, сарнавишти Афғонистон дигар мешуд, мегӯяд узви Кумитаи мудофиа ва амнияти Шӯрои Федератсияи Думаи давлатии Русия Франс Клинсевич

Узви Кумитаи мудофиа ва амнияти Шӯрои Федератсияи Думаи давлатии Русия полковники эҳтиётӣ Франс Клинсевич мегӯяд, ки Русия  метавонист вазъи Афғонистонро беҳтар кунад.

Ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik дар ин бора гуфт.

"Агар хиёнати Борис Елсин дар соли 1992 (аз назари шахсии ман) намебуд, сарнавишти Афғонистон дигар мегашт. Раисҷумҳур Наҷибулло дар соли 1992 пеш аз табаддулоти толибон барои танзими вазъ аз Русия ҳамагӣ 500 тонна маводи сӯхт пурсид, аммо Елсин рад кард. Пештар мо дар рафти амалиётҳои ҳарбӣ танҳо дар як рӯз ҳазор тонна сӯзишворӣ сарф мекардем", - мегӯяд Клинсевич.

Ба гуфтаи вай, танҳо як хоҳиш метавонист торихи кишварро дигар кард. Афғонистони муосир кишвари ором ва мутараққӣ мешуд, ки аз фишор, терроризм ва ришваситонӣ холӣ аст.

Дар ҳоле, ки Борис Елсин қарор дод, ки Русия дигар ба Афғонистон кӯмак намерасонад, дар кишвар вазъ муташанниҷ шуд.

Якуми январи соли 1992 Русия аз интиқоли силоҳ ба Афғонистон даст кашид. Аз ҳамин вақт вазъ дар Афғонистон бадтар гардид.

Дар кишвар маводи сӯхт ва озуқа намерасид. Мухолифин аз ин вазъ истифода мекарданд. Гурӯҳи муҷоҳидон музофотҳои кишварро яке пайи ҳамдигар ғасб мекарданд, ба Кобул наздик мешуданд.

Наҷибулло вазъи сиёсии дохилии кишварро дигар зери даст гирифта наметавонист, ӯ эълон кард, ки омадааст ба истеъфо равад, то ҷойро ба Ҳукумати муваққатии бетераф холӣ кунад.

Аммо истеъфои Наҷибулло дар кишвар чизеро тағйир надод.

522