Самир ва беҳтаринҳои дигар: навори комили нашри 64-уми “Лучше всех!” - видео

200
Самир Абдураззоқови, пианинонавози 10-солаи тоҷик дар барномаи "Лучше всех!"-и шоми 24 феврал шабакаи аввали телевизиони Русия оҳангҳои мушкилро моҳирона иҷро намуда, ҳозиринро ба ҳайрат овард

Самир Абдураззоқов, порае аз намоишномаи "Детский уголок"-и Клод Дебюссиро навохт, ки иҷрои он, махсусан барои кӯдакон хеле мушкил арзёбӣ мешавад.

Пианинонавози ҷавонро дар барнома падараш - Ниссор Абдураззоқов ҳамроҳӣ мекард. Ниссор Абдураззоқов гуфт, ки хатмкардаи консерваторияи Тошканд буда, дар Шветсия аспирантура хондааст ва он ҷо барои кору иқомат мондааст. Ба гуфтаи падар истеъдоди Самир, ки дар Шветсия таваллуд шудааст, ҳанӯз аз синни 3-солагӣ аён буд, аммо ӯ тасмим гирифт, ки танҳо аз 5-солагӣ бо ӯ машқи мусиқӣ кунад.

Самир таъкид кард, ки машғул шудан бо мусиқӣ интихоби ӯст.

Пианинонавози тоҷик инчунин гуфт, ки гоҳҳо эҳтиёткорона футбол бозӣ мекунад ва афзуд, агар бозигарон сахт бозӣ кунанд, ӯ узрхоҳӣ карда, худро канор мегирад.

Максим Галкин, барандаи барнома дар мавзӯи футбол ва дигар бахшҳо бо Самир шӯхӣ карда, аз ҳунарнамоияш “браво”-гӯён истиқбол намуд. 

Дар пайи нашри барнома Ниссор Абдураззоқов аз ҳамватанон ва мухлисон аз кишварҳои гуногун миннатдорӣ карда, бо таассуф изҳор дошт, ки қисмати суҳбати Самир, ки мегӯяд, тоҷик асту ҳар сол ба Душанбе ба дидори падарбузургу модарбузургаш меравад, аз барнома берун мондааст. Абдураззоқов даъват кардааст, ки ҳеч ангезаи сиёсӣ ҷуста нашавад ва таъкид намуд, ки ӯ ва хонаводааш ифтихор доранд, ки аз Тоҷикистонанду пайваста кишварашонро дар ҳамоишҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд.

Ӯ ба шабакаи аввали телевизиони Русия низ барои даъват изҳори миннатдорӣ намудааст. Навори ҳунарнамоии Самир дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорҳо лайк гирифта, садҳо бор бознашр шудааст.

200